Президент амр дод, руҳониён ба ҷанозаи ронандаҳои маст нараванд

Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон иштироки руҳониёни мусалмонро дар маросими ҷанозаи ронандаҳои масте, ки бо айби онҳо садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳад, манъ кардааст.
Ӯ гуфтааст, агар ронандаи маст дучори садамаи нақлиётӣ шуд ва одамеро кушт, бо масоили дафну оштии тарафҳо набояд ходимони дин машғул шаванд: “Ҷомеа бояд дарк кунад, ки ин одам қасдан ҷиноят ё амали террористӣ содир кард”.
Рамзан Қодиров дар идома таъкид намуда, ки фурӯши машруботро дар Чеченистон манъ накардааст, зеро вай танҳо ҳаққи додани тавсияро дорад: “Фурӯши машруботро мо мушкил накардаем, зеро бар пояи қонунгузорӣ ин ҳақро надорем”.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои русӣ, тамоми соҳибкороне, ки рухсатномаи фурӯши машруботро доштанд, баъди як мулоқот бо Муҳаммад Довудов, раиси порлумони Чеченистон аз тиҷорати нӯшокиҳои спиртӣ даст кашидаанд. Дидори Довудов бо соҳибкорон баъди садамаи нақлиётие бо иштироки як ронандаи сархуш бо номи Алам Хоҷаев баргузор шуд. Дар натиҷаи ин садама 7 нафар ҷон доданд.
Шурӯъ аз соли 2009 бо як дастури Рамзан Қодиров дар Чеченистон нӯшокиҳои спиртӣ танҳо аз соати 8 то 10-и субҳ фурӯхта мешавад. Дар моҳи Рамазон ва рӯзҳои Иди қурбон фурӯши машрубот шабонарӯзӣ манъ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |