Додгоҳи Аврупо: Русия ба “экстремисти тоҷик” ҷуброни зарар пардозад
Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон қарор кардааст, ки Русия ба Тӯйчӣ Ҷӯраев, шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамсараш Екатерина Шалкова, сокини Перм 5 ҳазорӣ евро ҷуброни зарари маънавӣ пардозад. Додгоҳи Аврупо гуфтааст, Русия бояд барои манъи беасоси вуруди Ҷӯраев, ки бо қарори Хадамоти федералии амният - “ФСБ” амалӣ шудааст, ҷуброни зарар пардозад.
Вуруди Ҷӯраев ба Русия моҳи майи соли 2013, ба далели он, ки гӯиё шомили созмони экстремистӣ асту барои ин кишвар хатар дорад, манъ шуда буд. Додгоҳҳои Русия, аз ҷумла Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионии Ҷӯраев ва ҳамсарашро рад карда, 200 саҳифа иттилои “ФСБ”-ро дар мавриди Ҷӯраев ҳамчун далел арзёбӣ мекарданд.
Шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш иддаои мақомоти русро беасос хонда, барои таъмини адолат ба додгоҳи Аврупо муроҷиат карда буданд. Баъди оғози баррасии қазия дар Додгоҳи Страсбург дар моҳи январи соли 2015 мақомоти Русия барои вуруди Тӯйчӣ Ҷӯраев иҷозат дода, ба ӯ ҳаққи муваққатии иқомат ироа карданд.
Додгоҳи Аврупо қарор кардааст, ки мақомоти Русия ҳуқуқҳои шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамсарашро ба ҳаёти шахсию оилавӣ нақз кардаанд ва Русияро муваззаф кардаст, ки ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.
Расонаҳои Русия иттилоъ додаанд, ки Ҷӯраев муовини Сайфиддин Одинаев, собиқ раиси бахши "Иттиҳоди тоҷикони Русия" дар Перм будаст, ки гӯиё дар паҳни маводи мухаддир даст доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |