РБК: Хонахарии тоҷикон дар Маскав афзудаст
Ширкатҳои фурӯши хона дар Маскав мегӯянд, тайи як соли охир аз шумори хориҷиҳо дар бозори хонаи пойтахти Русия чиниҳо ва тоҷикҳо фаъолтарин харидорон мебошанд.
Сергей Шллом, мудири ширкати «Инком-Недвижимость» дар суҳбат бо “РБК” гуфтааст, тайи ду соли охир хариди хона аз ҷониби чиниҳо дар пойтахти Русия се баробар афзоиш ёфтаст: “Чиниҳо 7 фоизи хориҷиҳоеро ташкил медиҳанд, ки дар Маскав хона мехаранд”.
Олег Топчий, раҳбари ширкати фурӯши хонаҳои “Dreamer academy” низ ин равандро тасдиқ карда, афзудааст, ки барои чиниҳо хариди хона дар Маскав як навъи сармоягузорӣ барои ҳифзи маблағҳояшон мебошад.
Ба иттилои масъулини ширкатҳои фурӯши хона дар Маскав аз рӯи фаъолнокӣ тайи як соли охир дар пайи чиниҳо тоҷикон ва сипас олмониҳо, итолиёиҳо ва суриягиҳо қарор доранд. “РБК” менависад, хориҷиҳо дар бозори хонаи Маскав махсусан аз оғози соли 2016, замоне, ки қурби доллар ба 70 рубл расид, фаъол шуданд. Феълан ба иттилои ин расона 90 дарсади хориҷиҳое, ки дар Маскав хона доранд, зодаи кишварҳои ИДМ мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |