Ҳукми 18 соли зиндони сокини Файзобод барои куштори ҳамдеҳааш
Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини деҳаи Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзободро дар куштори ҳамдеҳааш муҷрим шинохта барои 18 сол равонаи зиндон кардааст.
Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Раҷабов.К дар заминаи хусумати шахсӣ баъди муноқиша бо ҳамдеҳааш бо корди хоҷагӣ “бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими Раҳматуллоев якчанд зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст”.
Бо ҳукми додгоҳ, Раҷабов бо моддаи 104 қ.2 банди “е”-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор шуда, 18 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Ӯ ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт пушти сар хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |