Пешниҳоди вакили рус барои омӯзиши фанни руҳоният дар донишгоҳҳои тиббӣ

Виталий Милонов, вакили Думаи Русия аз ҳизби ҳукмрони “Русияи воҳид” пешниҳод кардааст, то дар муассисаҳои тиббии ин кишвар омӯзиши дарсҳои руҳоният роҳандозӣ шаванд.
Милонов бо ирсоли номае унвонии вазири маорф Олга Василова ва вазири тандурустӣ Вероника Сквортсов ҳадафи чунин пешниҳодро ҷилавгирӣ аз хоҳиши пизишкон дар мавриди исқоти ҳамл гуфтааст. Вай изҳор дошта, зарурати ин дарсҳо дар он аст, ки табибони оянда баъди хатми муассисаи тиббӣ дигар “нахоҳанд”, ки ба исқоти ҳамл машғул шаванд.
Ин вакили мардумӣ гуфтааст, намояндаҳои ҷараёнҳои динии сунатии Русия метавонанд ба ҳайси устодони дарси руҳоният бошанд. “Донишҷӯён набояд танҳо механикаи бадани одамро омӯзанд, балки арзишҳои метафизикии зиндагии инсонро аз зовияи руҳоният мавриди омӯзиш қарор бидиҳанд”,-таъкид намудааст ӯ.
Ба гуфтаи Виталий Милонов, танҳо дар шаҳри Санкт-Петербург даҳҳо дармонгоҳи расмӣ ва нимарасмӣ фаъолият мекунад, ки “онҷо хамткардаҳои донишгоҳҳои тиббӣ ба қатли тифлони таваллуднашуда машғуланд”. Ин намояндаи парлумони Русия паёмади чунин тамоюлро “барои демографияи Русия ғамангез” унвон кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |