Бахшҳо

Санҷиш: Ронандаи дағалу баднафс мошинро дуздида, мусофирбарӣ кардааст (АКС)

Мақомоти Тоҷикистон шикояти як мусофир, ки ронандаи мусофирбари хатсайри 19 ӯро таҳқиру дашном кардааст, санҷидаанд.

Бародмат Муродов, масъули ҷамъияти “Нақлиёт”, ки хатсайри 19 таҳти назораташ аст, имрӯз, 1-уми декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба санҷиши ин ҳодиса машғул аст.

Муродов гуфт, то ҳол муайян шудааст, нафаре, ки аз мусофирон дар хатсайри 19 маблағи зиёд гирифтаасту таҳқиру дашном додаст, мошини ширкатро гирифта, ғайриқонунӣ ба мусофирбарӣ машғул будааст: “Ӯ ронандаи мо нест, танҳо автомашинаи ҷамъият, ки дар таъмир буд, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст”. Ба иттилои масъулин нафаре, ки мошинро дуздида мусофирбарӣ кардааст, Сафаров Муҳаммад ном доштааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран як мусофир бо нашри акси ронанда Сафаров Муҳаммад ва рақами мошини таҳти идораи ӯ дар Фейсбук гуфт, Сафаров аз мусофирон маблағи барзиёд ситонда, дағалӣ кард. Ба эроди мусофирон, ки дар мошин сигор накашед, Сафаров посух додааст, ки мошини худаш ҳаст ва ҳар коре хоҳад мекунад: “Ба касе маъқул нест, фарояд”.

Мусофир мегӯяд, Сафаровро огоҳ кард, ки ба мақомот шикоят мекунад, аммо ӯ дашном додааст “Ба ..., комера мегӣ бугу, пеши комеш мерай бра, пеши отат мерай, пеши раис мерай, пеши президент мерай...".

Масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон” низ мегӯянд, нафаре, ки мошинро идора кардааст, умуман иҷозаи мусофирбарӣ надорад ва мошинро ғайриқонунӣ гирифтааст. Дар ин ниҳод таъкид карданд, ки баъди баррасӣ ва омӯзиши қазия гунаҳкоронро ҷазо медиҳанд.

“Озодагон” ин қазияро пайгирӣ хоҳад кард.


Санҷиш: Ронандаи дағалу баднафс мошинро дуздида, мусофирбарӣ кардааст (АКС)

Санҷиш: Ронандаи дағалу баднафс мошинро дуздида, мусофирбарӣ кардааст (АКС)
Мӯҳр
Уро албатта шинондан лозим аст, то ба дигарон дарс гавад

Рустам
Ба шинондан фоидаш нест. Чаримаи калон кунанд, бад мефахмад. Хамаи маршрутои 19 хаминхеланд. Аз поёни Путовский як бор омада бинед, Савор шудай-нашудай пулчин мегуд, ки то Караболо як сум, он тарафаш 2 сомонй. Бегох аст мардум даъво намекунад. Нахохй фаро мегуд. Омада хаминчода рейд кунанд. Хол он ки барои 9 км харакат 80 дирам аст. Он тарафаш 1,8 сомонй. Ёбеду гиред.

Бисер мавзуи мухим сари кор омад! Ман хайрон хастам, ки чи гуна чамъиятхои хусуси наклиетхои шахсиро ба манфиати худ истифода бурданро ёфтаанд. Локин ягон гуна назорат нест, мисол: одоби муошират бовар кунед аз кучо ингуна Ронандахоро бо кадом акли солим ки ичозат медихад намедонам, наход чунин Падару Модар дар Точикистон бошад ман бовар намекунам!!! дар бораи Рохкиро чанд пул мехохад мегирад машрути 28, 2, 8, 19, Тозаги агар дар хамон курсихои машрут нишинед хама гуна беморихои сирояти хаст, Бо кадом роххое ки дили ронанда хохад меравад, Фасли замистон шудааст ягон гуна (Шинахои наклетхо) чавобгу нестанд. Бовар кунед агар дили Рахбархои муассисахо камтар сузад ингуна намешавад лекин то раиси шахр мухтарам Убайдуллоев супориш надихад хеч кор намекунад. Илтимоси ман хамчу як шахванди одди аз Шумо як тарафи корро бояд масъуляташро ба зимма гиред як бор бочашми худ назорат кунед коргархои Шумо бо 1 сомони хамаро аз даст медиханд Шумо бехабаред мумкин!

Холо хамаи гунохро ба гардани хамин гарангбача бор мекунаду халос. Ба фикрашон вазифа ичро шуд.Хол он ки тамоми низоми хизматрасонии наклиёти шахри иллатнок аст, он чойи манфиатфурушиву манфиатбозии гуруххои муайян шудааст. Наклиёти чамъияти асосан кариб ки намондааст. Чойи онро наклиёти тичорати гирифт. Охир, аз ин кор ба киссаи баъзе чанобон фоида меояд. Пас, ки андешаи наклиёти чамъияти мекунад?

Мусофир
“Ба ..., комера мегӣ бугу, пеши комеш мерай бра, пеши отат мерай, пеши раис мерай, пеши президент мерай...".
БАРОИ ТАХКИРИ ПРЕЗИДЕНТ, ПЕШОИ МИЛЛАТ 5 сол трмаш кнен. Бад зиндагира мефахма ки кати мусофирон чи гуна гап зана.

Ҳамин балнисаҳоро ҳам ҳамин хел сурат гиреду дар интернет монед.Духтурхонаҳо бозор шудагӣ. Хеле ислоҳот мешавад. Хайр осиёб ба навбат.

Шамси
Ба фикрам хамаи ин навиштахо хамин хел мемонад.Маротибаи чандум аст, ки оиди ин мавзуъ бахс мешавад. Касе ягон чора намебинад. Дар хама хатсайрхо ин мушкилот аст. Ба хусус хатсайри 28 ба дарачаи пасттарини хизматрасони мебошад. Бегохихо аз истгохи "Саховат" то ГАИ 2 сомони талаб мекунанд. Касе барои ин корхо масъул нест. Конун кучо мешавад?

Алишер
Мусофир,
Ин ронандаро ман шахсан мешиносам дар хакикат бачаи дагалу бадтарбия ва хатто шаходатномаи ронандаги надорад сохиби мошине ки мегуяд мошинро дуздидааст, дуруги махз аст ин нафар доими бо хамин мошин фаолият мекард . Аз мокомот хохиш ки нисбати чунин афрод чорахои шадиду сангин бинад чун як кас барои хамаву хама барои як кас гуфтаандПрокурор,

Мусофиршо.
Ягон ниход ин масъаларо хал кардан намехохад. Кас хайрон мешавад, ки чи гуна як чавони 20-22 сола метавонад, ронандаи наклиёти мусофиркаш бошад? Дар замони шурави он ронандае ин хукукро дошт, ки дорои Шаходатномаи 1-ум класс буд. Барои ин гуна шаходатнома гирифтан мебоист 10-15 сол собикаи кори медошти. Имруз чавононе, ки фиси биниашонро дошта наметавонанд дар сари чамбарак нишаста, хаёти садхо мусофирронро ба зери хавф мегузоранд. Ба кадом дониш? Ба кадом тачриба? Ба кадом аклу фаросат? Дар ин чо гунхгори асоси кормандони БДА мебошад. Ин ниход то гулу дар коррупсия гутидааст ва дигар ягон амалро анчом дода наметавонад. Агар онхо аз руи вичдон кор кунанд, ин тирмизакхо дар масофаи 100 метр ба мошин наздик шуда наметавонанд. Кучо расад ба он ки дар сари чамбарак нишинанду одам кашанд.

Хайрону саргардон
ҳанифа,
О чиба нагуфти маоши духтур ки 600-700 сомонак аст зиёд кунанд? Чаро нагуфти ки духтур 4 фарзанд дораду мошаш танхои барои обу кувваи барку андоз мерасад халос?. Сумме ки тарики карори 600 чамъ мешавад ба киссаи духтур намеравад. Агар барои 5-20 сомон духтуронро гам дихемау пора гуфта трмашон кнем, окибат 50000-100000 сомон масраф карда дар хорича табобат мегирем ба маоши 700 сомонамон. Духтурхо дар хорича аз 3000сомон то 30000сомон ва аз ин зиёдтар маош мегиран ва парвои 10-20 сомони надоранд. АГАР ТАБОБАТИ ДУХТУР МАЪКУЛ НАБОШАД РАФТА АВВАЛ БА ДОНИШГОХИ ТИББИ ДОХИЛ ШАВ БАЪД ЗУРАТ РАСАД ХОН 6 СОЛ БИЁ БАД МЕБИНАМ ЧИ ГУНА БА 700СОМОН ТОКАТ МЕКУНИ. МАН ДУХТУР НЕСТАМ МАН ЛОИХАКАШ ХАСТАМ.

Хайрону саргардон,
Хай акыыы!!!! Табиби хозику нозик димогыт сухт аз гапи хак???? Ёфтен бахонатона. Агар итари кнем утари меша...хичи намеша хас кам-олам пок!!! Пайдо мешавад боз табибхои худотарсу бовичдону босавод.
Равед хамон давлатхое,ки30-40 хазор маъош медиханд.

О Ханифабону!!! Хамина барвактар мегуфтед, мо аз дигар сайёра омадаги маоши ками Шумоя намедонистем!!! Шумо агар 600-700 сомони гиред мо 6000-7000 хазор меирифтаем ба фикратон? Ачиб муаллим гуяд ки ман бо 600-700 сомони, кор карда наметавонам, милиса аз ин бадтар, ронанда хамн гапа гуяд о мардуми бечора додашона ба ки гуянд? Конун барои чи эчод шудааст? Чаро бо хамин шароит розиям гуфта шартнома мебандеду ба кор медароед? Бигзор шумо хам мисли хама зиндаги кунед!!!!!!

Дар Лондон барои хучати такси гирифтан бояд 3 сол дарс хони, на хамаи одамхо гирифта метонанд хучатро базехашон то 7 сол мехонанд . Дар Точикистон мактабхонай мебини такси кор кардаистодааст. Хучати TAXI бояд фарк кунад аз хучати одди. Хаммаи ин ронандагонро ГАИ маст кардагии хастанд 1 сум те чавоб . Аз хукуматдорро хоиш мекунам ин массаларо чидди бинанд рахмат...

наклиет
Значить хаёти мо мусофирон дар дасти хамин гуна нафарон аст ин ужас ку.Умуман дар пойтахт наклиети мусофирбари чамъияти нест гуем хам мешавад.Оне ки бачои 3 нафар 4-5 нафар шинонида бо салонхои чиркину бадбуй ва ронандагони бефаросату мусикии баланду фач ин аст магар наклиет?

Бердиқул
"Озодагон"- ягона сайте ҳасти, ки мондаи ва мардум каме ҳам бошад, барои таскини дил дардашро мегӯянд. Вале гоҳҳо ба нозуктарин эҳсосоти мардум нохун мезанед. Масхараи лаҳҷаи як минтақа. Ин таъсири ҳамун расонаҳои шовинистии руси ҳаст, ки шуморо сироят кардааст. Онҳо миллатҳои алоҳидаро мисли тоҷику узбакҳо паст мезананду шумо, ки аудиторияаатон тангтар аст, як маҳалро.
Як дӯсти дарвозӣ гуфт, ки давраи Шӯравӣ дар Душанбе барои қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карданам. Инспектори ГАИ, ки аҳли Хӯҷанд будааст, талонамро гирифта, гуфт: -тешук кунам, ми?..
Азбаски гапашро нафаҳмидам, фикр кардам, ки ҳақорат мекунад. Аз гиребонаш гирифта, то милисахона рафтем. Маълум шуд, ки вай бечора бо ҳамон лаҳҷаи худаш мегуфтааст, ки талонатро сӯрох мекунам..
Натарсед, барои мубодилаи афкор чоп намоед, маслиҳати беғаразонааст..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)