Бахшҳо
01 дек 2016 12:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳукумат ваъда карду иҷро не: Андози роҳ боқӣ мемонад

Лағви андоз аз истифодабарандагони роҳ, ки тибқи ваъдаи ҳукумат бояд аз 1-уми январи соли 2017 амалӣ мешуд, ба таъхир гузошта шуд.

Умед Латипов, муовини вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 1-уми декабр дар ҷаласаи парлумон гуфт, тибқи муқаррароти қаблӣ андоз аз истифодабарандагони роҳ бояд аз 1-уми январи соли 2017 лағв мегардид. Ӯ илова намуд, ки дар шароити буҳронӣ агар ин намуди андоз бекор гардад ба буҷаи давлат 360 миллион сомонӣ ворид намешавад.

Латипов дар хитоб ба вакилони Маҷлиси намояндагон хост, бо қабули тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон лағви андоз аз истифодабарандагони роҳ то 1-уми январи соли 2018 ба таъхир гузошта шавад ва вакилон ин пешниҳодро қабул карданд.

Андоз аз истифодабарандагони роҳ дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи коршиносон асоси иқтисодӣ надорад, бояд аз соли 2017 –ум пурра лағв мегардид.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз соли 2012 дар пайи қабули Кодекси нави андоз эълон карданд, ки меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 1 –уми январи соли 2015 барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ ва таъминотию фурӯш ба андозаи 0,25 фоиз, барои дигар намуди фаъолият дар ҳаҷми 2 фоиз боқӣ мемонад ва аз 1 –уми январи соли 2017 пурра бекор карда мешавад.

Ин намуди андоз аз ташкилотҳое ҳам, ки воситаи нақлиёт надоранд ситонда мешавад. Қаблан масъулини КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тақозо карданд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳ ба муассисаҳои коммуналии ноҳияҳо супорида шавад, то роҳҳои дохилиашонро таъмир намоянд, аммо ин пешниҳод қабул нашуд.
Мӯҳр
Номдор
Аз рох пул мегиред пас рохро нигох кунед баъд аз Агробонк пул гирифта наметавонем инрохам назорат кунен

Чавон
Панч сол пеш ваьда карда буданд,ки лимити барк пурра аз байн меравад ва бебарки афсона мешавад,лекин то хол лимити барк дар Точикистон вучуд дорад. Барои хамин ба ваьдахои холи дигар мардум бовар надорад.

Бобо
Биёед андоз аз хавои тоза, андоз аз зиндаги, андоз аз мурдан ва намурдан, андоз аз дасту пойхо, андоз аз волидайн ва дигар намуди андозро ворид кунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)