Президент мардумро бо рӯзи “худаш” табрик кард
Нурсултон Назарбоев мардуми Қазоқистонро бо Рӯзи Президенти нахустин табрик кардааст.
Ӯ аснои суханронӣ дар Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон дар Остона гуфта, “тамоми инҷо гирдомадаҳо ва тамоми ҷавонони Қазоқистонро бо ифтитоҳи форум ва Рӯзи Президени нахустин шодбош мегӯям. Имрӯз дар таърихи мардуми мо ҳамчун санаи бузурге сабт шудааст, ки қазоқистониҳоро муттаҳид кард, бори аввал дар таърих Сарвари давлат тавассути интихоботи демократӣ баргузида шуд. Шуморо бо Рӯзи Президенти нахустин ва 25-солагии Истиқлол табрик мекунам”.
Якуми декабр дар Қазоқистон ба хотири Рӯзи Президенти нахустин истироҳат эълон шудааст. 25 сол пеш дар ҳамин рӯз (соли 1991) Нурсултон Назарбоев бо касби 98,7 дарсади раъйи овоздиҳандаҳо Президенти Қазоқистон интихоб шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |