АКС: Президенти Тоҷикистон озими Прага шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми 30-юми ноябр баъди боздид аз шаҳри Будапешти Маҷористон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Прага шуд.
Тибқи иттилои мақомоти чех имрӯз, 1-уми декабр мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Милош Земан, президенти Чехия ва Богуслав Соботка, нахуствазири ин кишвар дар назар аст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |