Таъини сармуҳаррири нави “Тирози ҷаҳон”
Сармуҳаррири нашрияи ҳукумати шаҳри Хуҷанд «Тирози ҷаҳон» иваз карда шуд.
Аз маъмурияти шаҳрдорӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки сардабири нави ин нашрияи давлатӣ Фарзона Алиева, собиқ муҳаррири ҳафтаномаи «Навиди Ёва» шудааст: «Ў дар ин вазифа Муҳайё Воситзодаро иваз кард».
Манбаъ афзуд, ки барканории Муҳайё Воситзода бо хоҳиши худи ў сурат гирифтааст.
Нашрияи «Тирози ҷаҳон»-и ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз соли 1992 ба ин сў аз чоп мебарояд. Теъдоди чопи он 2500 нусха буда, бештар дар шакли обуна паҳн мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |