Шойгу: Ба Тоҷикистон ҳавопаймою чархболҳои зиёд медиҳем
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, мегӯяд, соли 2017 ба Тоҷикистон ҳавопаймою чархболҳои зиёди низомиро интиқол хоҳад дод.
Шойгу имрӯз, 30-юми ноябр дар ҳошияи ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои ИДМ бо генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Маскав мулоқот карда, соли 2017-ро дар ҳамкориҳои низомӣ бо Душанбе калидӣ хонд: “Соли оянда марҳилаи асосии ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ фаро мерасад. Лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла ҳавопаймою чархболҳои зиёд ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳанд шуд. Фикр мекунам, ин ҳама саривақт амалӣ хоҳад шуд ва албатта барои субот дар минтақа хидмат хоҳад кард”.
Шойгу инчунин изҳор доштааст, ки Русия то ҳол ҳудуди 1000 афсари тоҷикро бо омӯзиш фаро гирифтааст ва минбаъд омодасозии афсарону мутахассисони зинаи миёнаро таҳким мебахшад: “Мо омодасозии низомиёни тоҷикро идома медиҳем. Махсусан дар шароити хатарҳои зиёд, аз ҷумла зуҳури “ДИИШ” дар қаламрави Афғонистон”.
Вазири дифои Русия дар хитоб ба ҳамтои тоҷикаш таъкид кардааст, ки “дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ҳамеша бо шумо дар як саф хоҳем буд”.
Шералӣ Мирзо дар навбати худ изҳор доштааст, ки сарҳади ҷанубии ИДМ зери ҳимояи қавӣ хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |