Дастури Э. Раҳмон ба сафирон дар Аврупо: Ҳамкориро бештар кунед
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30 ноябр дар доираи сафараш ба шаҳри Будапешти Маҷористон, бо сафирони тоҷик дар кишварҳои Аврупо мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сафиронро ба "Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то давраи соли 2030” ва ҷалби бештари шарикони аврупоӣ дар татбиқи ин Барнома равона намудааст.
Раисиҷумҳур барои ҳамкориҳо дар самти иқтисоду савдо, илму фарҳанг ва туризм, робита бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дастур додааст.
Ӯ таъкид намудааст, ки намояндагиҳои дипломатии кишвар дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи об бояд нақши муассир дошта, дар ҳамаи сатҳҳо бо кишварҳои узви СММ, сохторҳои дахлдори он ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сафирон инчунин тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои муосир, бахусус терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |