Раддабандӣ: Душанбе дар феҳрасти шаҳрҳои бадтарин

Ширкати машваратии “Mercer” сифати зиндагӣ дар 450 шаҳри ҷаҳонро раддабандӣ карда, Душанберо дар қаттори шаҳрҳои дорои бадтарин сифати зиндагӣ қарор додааст.
Ин шохиси сифати зиндагӣ 450 шаҳрро фаро гирифта, 27-тои онҳоро дар миёни бадтаринҳо ҷой додааст, ки Душанбе дар мақоми 19-ум омадааст.
Дар мавриди пойтахти Тоҷикистон гуфта шудааст: “Фақр ва камбуди барқ аз мушкилоти умдаи ин шаҳр ва тамоми кишвар мебошанд. Бонки ҷаҳонӣ низ аз мушкилоти роҳандозии тиҷорат бо таваҷҷуҳ ба зерсохторҳои номусоид ҳушдор медиҳад”.
Ширкати “Mercer” аз рӯи 10 нишондиҳанда, ба монанди муҳити сиёсӣ ва иҷтимоӣ, муҳити иқтисодӣ, муҳити иҷтимоӣ-фарҳангӣ, расидагӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, макотиб ва маориф, хизматрасониҳои умумӣ ва ҳамлу нақл, тафреҳ, колоҳои мавриди истифода, маскан ва муҳити зист сифати зиндагӣ дар шаҳрҳоро муайян кардааст.
Аз миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ Тошканд, дар миёни 27 шаҳри бадтарин ҷойи 26, Ишқобод 23 ва Бишкек дар мақоми 21-уми ин раддабандӣ омадааст. Шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ дар мақоми 1-ум қарор гирифта, бадтарин шаҳр барои зиндагӣ дониста шудааст.
Шаҳрҳои Вена, пойтахти Утриш, Сиюрих, шаҳр дар Суис , (Шветсария), Окленд, шаҳр дар Зеландияи Нав, Мюнхени Олмон ва Ванкувери Канада аз панҷгонаи шаҳрҳои писандида маҳсуб шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |