Танбеҳи мансабдорони ВМКБ барои афзоиши шикояти бадахшониҳо ба Президент
Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои саривақт ва дуруст баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон масъулини вилоятро танбеҳ додааст.
Раиси вилоят бо зикри афзоиши шикояти сокинони ВМКБ ба дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст: “Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, идораву муассисаҳое, ки муроҷиати шаҳрвандон ба фаъолияти онҳо дахл дорад, нисбат ба арзу шикояти мардум беэътиноӣ зоҳир намуда, масъалаҳои бамиёнгузоштаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд ва ё ба аризаи хаттиашон ҷавобҳои бемантиқу беасос ирсол медоранд. Аз ҷумлаи ин аризаҳо баъзеашон муроҷиатҳои такрорӣ мебошанд. Яъне, шаҳрванд як бор ариза навишта, ҷавоби қонеъкунанда нагирифтааст. Пас аз ин маҷбур шудааст, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент муроҷиат намояд”.
“Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон аз қавли Зиёӣ Мамадаминов, мудири бахши муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси ВМКБ хабар додааст, ки “дар нуҳ моҳи соли равон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи сокинони вилоят 220 арзу шикоят ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 адад зиёд мебошад”.
Ба иттилои манбаъ ин ҳолат агар аз як тараф эътимоди зиёди мардумро ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, бахусус сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, аз ҷониби дигар аз бемасъулиятиву саҳлангории масъулони идораву муассисаҳои шаҳру навоҳии вилоят дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандон дарак медиҳад.
Шодихон Ҷамшед дар баробари эълони танбеҳ ба масъулини ВМКБ супориш додааст, ки гуруҳи махсуси корӣ масъалаи расидагии масъулин ба муроҷиати шаҳрвандонро санҷида, нисбати мансабдороне, ки ба арзи шаҳрвандон намерасанд, ба муроҷиаткунандагон сари вақт ҷавоб намегардонанд ё ҷавобҳои рӯякӣ мефиристанд, чораҳои мушаххаси интизомӣ андешанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |