Бахшҳо

Имзои Убайдуллоев барои тағйири номи 16 кӯча

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарорҳо дар бораи тағйири номи як қатор кӯчаҳои пойтахтро имзо кардааст.

Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқ номи кӯчаи Советская ба номи доктори илмҳои филологӣ Аълохон Афсаҳзод, кӯчаи Алексей Толстой ба номи Яккабоғ, кӯчаи Юлиус Фучик ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, кӯчаи Студентческая ба номи Шукуфон, кӯчаи Воровский ба номи Шифо, кӯчаи 40-солагии Октябр ба номи Фурӯзон, кӯчаи Шаумян ба номи Сӯҳроб Шарипов, кӯчаи Добролюбов ба номи Садоқат, кӯчаи Александр Матросов ба номи Рустам Амакӣ, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кӯчаи Шестопалов ба номи Дилкушо, кӯчаи Гончаров ба номи Гулрез, кӯчаи Павлов ба номи Гулдаст, кӯчаи Гастелло ба номи Гузарбоғ, кӯчаи Сергей Лазо ба номи Бодомзор, кӯчаи Бабушкин ба номи Бахтобод ва номи кӯчаи Комсомоли шаҳри Душанбе ба Арғувон иваз карда шавад.

Номгузории кӯча ба номи генерал-майор Рустам Амакӣ, собиқ фармондеҳи гуруҳи "Алфа" дар ҳолест, ки бинобар иттилои мақомоти тоҷик ӯ рӯзи 15 сентябри соли гузашта дар пайи бархӯрд бо гуруҳи ҷиноии генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа дар дараи Ромит кушта шуд.

Убайдуллоев раисони ноҳияҳои Душанберо муваззаф кардааст, ки сабти сокинони кӯчаҳои мазкур ва насби нишонаҳои марбутаро дар биноҳо таъмин созанд.
Мӯҳр
Рустам амакирои аз пушт задаанд.
Озодагон нашр кун агар марден!

Аз руи коида, номи одамро баъди 10 сол пас аз маргащ ба Номаш чизеро номгузори мекунанд. Зеро баъзе нафаронро касе намешиносад ва на медонанд, ки у барои ватанаш чи коре кардааст. Таърих худаш баъди дахсолахо нишон медихад, ки " ки чи кас буду чи коре карда буд". Сухроб Шарипов як сиестмадоре буд, ки мисли вай даххо нафаранд. Дигар ба номи хар яки вай кучахоро номгузори мекунанд????

Ташаккури зиёд, мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев. Бисёр кори бехтарин кардед. Мардони шучои точик ва хизматнишодихандахои мо бисёран, ки ба хамин номгузорхои нохия, шахр, дехот ва куча арзанданд. Дар дигар чойхои Точикистони мо хамин хел номхои давраи пешин зиёданд. Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоя, ки дар кадом вилоят, шахр, нохия, дехот ва кучахо номхо бошанд иваз намоед. Бо эхтироми самими Аличон.

Одам
Мард ва инсони хуббудааст!
Дастгириш кунед!!!

Цитата: беном
Бе ном ту худат авал таъриха фахм! Ки будани шахсиятхора ту аз кучо медонию! Магар ин хешонат барои миллати точик ягон коре кардаанд! Алексей Толстой, Юлиус Фучик, Воровский Добролюбов , Александр Матросов, Шестопалов,Гончаров, Павлов, Гастелло, Сергей Лазо, Бабушкин. Бехтарин икдоми шахрдориай!

пешниходилакай
Аз руи адолат мешуд ки оиди ин масала фикри халкро мегирифтанд чаро ки номгузори кори вакту тарих аст
модом ки номи амакиву тагоиро бе маслихати мардум мегузоред кобили кабул аст ки номи шахсиятхои шинохта ба иисли сафврали кенчаев, сангак сафаров, рустам абдурахим, курбон чолов, сухроб косии, мирзо зиеев, саид абдулло нури,отахон латифи ва дигар номдорон ки айни замон дар фикрам наомада истодааст номгузори кунед ки фардо пушаймони наорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)