Ҷавон аввал духтар ва баъд худашро корд задааст
Як сокини 22-солаи шаҳри Турсунзода аз сӯи кормандони пулис бо гумони қасди куштор дастгир шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҷавон субҳи 28 ноябр дар ҳудуди деҳаи Зафари ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷавондухтари 19-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ муноқиша намуда, “бо истифодаи корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст”.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷавон баъдан ба қисмати қафаси сина ва гулӯи худ ҳам бо корд якчанд маротиба задааст: “Дар натиҷа, ҳар ду, ҷабрдидаю гунаҳкори ҳодиса ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Вазорати умури дохила мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.
Ду рӯз пеш кормандони пулис аз боздошти як сокини 56-солаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд, ки баъди қатли ҳамсари 49-солааш талош кардааст, худашро ҳам бикушад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |