Дастури Убайдуллоев барои қатъи фаъолияти нонвойхона ва гармобаҳои барқӣ дар Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе тадбирҳои андешидаи сохторҳои дахлдори пойтахт, ба вижа ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсиро ҷиҳати рафъи оқибатҳои барфи аз меъёр зиёдборида ва таъмини ҳаракати муназзами нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти шаҳрдор иттилоъ доданд.
Манбаъ мегӯяд, Убайдуллоев дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур дода, ки зери масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо дар тарҳрезии фаъолияти минбаъдаи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба зимистон қатъиян таҷдиди назар карда шавад. Раиси шаҳр ба вазъи таъминот бо нерӯи барқ аз ҷониби сохторҳои зертавозуни “Барқи Тоҷик” ҳам дахл намуда, сохторҳои шаҳрии ин ширкатро муваззаф сохтааст, дар ҳамкории пайваста бо субъектҳои марбутаи ширкат чораҳои мушаххас андешанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар идома аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва сокинони пойтахт даъват кардааст, нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд ва барои гарм намудани манзилҳояшон аз аз таҷҳизоти каммасраф ва сӯзишвориҳои алтернативӣ истифода намоянд: “Инчунин, дар ҷаласа баҳри сарфаи нерўи барқ дастур гардид, ки фаъолияти нонвойхонаҳо ва гармобаҳои барқиро қатъ намуда, бо пешгирии омилҳои истифодаи ғайриқонунии нерўи барқ, пурзўр намудани тадбирҳои зиддисўхторӣ, ҳолати бо сўзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалии сокинон дар таносуби маҳаллаҳои маскунии шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад”.
Шаҳрдори пойтахт аз ҳолатҳои ҷой доштани истифодаи нерӯи гармии интиқолшванда ба биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҳамчун оби гарм барои эҳтиёҷоти маишӣ аз ҷониби бархе аз истеъмолкунандаҳо интиқод намуда, таъкид намудааст, сохторҳои дахлдор дар пешгирии ин амалҳо, ки оби техникӣ барои саломатӣ ва истифодаи маишӣ зараровар аст, корҳои фаҳмондадиҳоро миёни аҳолӣ пурзўр намуда, ба мардум фаҳмонанд, ки аз нигоҳи технологӣ Маркази барқу гармитаъминкунӣ танҳо барои истеҳсоли гармӣ, на таъмин бо оби гарм нигаронида шудааст.
Акс аз интернет
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |