Бахшҳо
28 ноя 2016 16:36Тоҷикистон / Акс

АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми ноябр дар Саммити оби Будапешт аз сар задани бӯҳронҳои обӣ ҳушдор дода, тахмин кардааст, ки то ахири даҳсолаи ҷорӣ ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор хоҳад гардид.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки дар шароити ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об ҳамкориву шарикии созанда дар ин арсаҳо тақозои замон аст: “Мо пешниҳод кардем, ки Даҳсолаи байналмилалии нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор” эълон карда шавад... Тоҷикистон захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намудааст, ки “танҳо дар даҳ соли ахир мо ин соҳаи ҳаётан муҳимро дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардем. Сарфи назар аз ин, кишвари мо дар бахшҳои фаръии вобаста ба об ҳоло ҳам рӯ ба рӯи мушкилот қарор дорад. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, бо зерсохтори фарсудашуда, имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ва норасоии иқтидорҳои техникӣ вобастагӣ дорад. Тайи даҳсолаи ахир ҳолати таъминоти зиёда аз якуним миллион аҳолӣ бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуд. Ҳамзамон, як қисмати аҳолӣ, бахусус дар деҳот, ҳоло ҳам ба шароити беҳтар дар арсаи беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намудааст, Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дошта бошад ҳам, дар давраи фасли зимистон ҳамасола бо камбуди нерӯи барқ дучор мешавад, ки дар навбати худ боиси мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад: “Аз 527 миллиард кВт/соати иқтидорҳои солонаи кишвар имрӯз танҳо 3–4 фоизи он истифода мешавад. Ин нишондиҳандаҳо аз имконоти бузурги ҳалли мушкилоти мавҷудаи иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин расидан ба рушди устувор шаҳодат медиҳанд”.

Ӯ афзудааст, ки мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд: “Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар дар андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаи об, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ пайваста талош мекунад: “Возеҳ аст, ки имрӯз мушкилоти вобаста ба обро бе ҳамкории фарогир, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ, ҳал кардан ғайриимкон аст. Мо мавқеи қотеонаи худро нисбати мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо эълом карда будем ва бар он ақидаем, ки танҳо ҳамкорӣ ягона василаи оқилонаи ҳалли онҳо мебошад. Ҳамин аст, ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба масъалаҳои дипломатияи об диққати хосса дода шудааст. Минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай имрӯз оқибатҳои манфии таъсири тағйироти иқлимиро эҳсос менамояд. Ҳарчи бештар солҳои боришоти зиёд ва хушксолиҳо, ҳарорати баланди ҳаво дар фасли тобистон ва хунукиҳои дарозмуддат дар зимистон мушоҳида мешаванд. Бар асари чунин ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ дар табиат кишварҳои минтақа талафоти зиёди иқтисодӣ мебардоранд ва возеҳ аст, ки ин тамоюл дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт”.

Дар шароити афзоиши аҳолии минтақа Эмомалӣ Раҳмон андешидани чораҳои иловагиро барои зиёд кардани истеҳсоли маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ ба миён меоварад: “Захираҳои обӣ ба ҳайси манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия дар амалияи таъмини консепсияи “рушди сабз”, ки ҷавҳарашро раҳоии тадриҷии иқтисод аз пайвастҳои карбогидридӣ ташкил медиҳад, ҷойгоҳи хоссаро доранд. Захираҳои бузурги обии Тоҷикистон ва қаторкӯҳҳои зиёди он имконоти фаровони истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаро дарбар мегиранд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охир зарур хондааст, ки иқдом барои расонидани кумак ба табақаҳои бештар осебпазири аҳолӣ дар кишварҳои камтараққӣ ва дар ҳоли рушд қарордошта тақвият бахшида шавад.


АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт

АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт

АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт


АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт

АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт

АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт

АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт

АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт

АКС: Президент аз бебарқию беобии аҳолии Тоҷикистон гуфт
Мӯҳр
Беном
Раиси Чумхури Масъалаи обро дар харчо гап мезанад лекин нохияхои ЧТ бебаркан мардум аз барк танкиси кашидесан кариб хамаи агрекаторхо кор карда истодаан.Лекин барк нест асос дар нохияи Хамадони тахи чанд руз аст свет нест ин масъаларо дида бароен....???

Бо рохбари Э.Рахмон иншоллох мо ба он рузи нек мерасем ки тамоми мардум бо барк тамин мешад...!

Беном,
Беном,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)