Узрхоҳии “Барқи тоҷик” аз сокинони Душанбе: Дар пойтахт “лимит” нест
Раёсати ширкати “Барқи Тоҷик” овозаҳо дар бораи ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар шаҳри Душанберо рад карда, аз сокинони пойтахт барои қатъи интиқоли барқ узр хостааст.
Асозода Маҳмадумар Шамсулло, муовини якуми раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» имрўз 28 ноябр, дар шарҳи мушкили интиқоли барқ гуфт, “санаи 27-уми ноябри соли 2016, соати 18-00 дар хати интиқоли барқи 110 кВ, ки зеристгоҳи «Новая»-ро бо зеристгоҳи «Заводская» пайваст менамуд, нуқсони техникӣ ба амал омад. Дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд. Сабаби пайдоиши нуқсони номбурда вобаста ба серборӣ дучор шудани хатҳои интиқоли барқ аз сардии ҳаво ва аз меъёр зиёд истифода бурдани нерўи барқ аз тарафи истеъмолкунандагон мебошад”.
Асозода афзуд, ки гурӯҳҳои махсуси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва шабакаҳои барқии марказӣ дар муддати кӯтоҳ нуқсони баамаломадаро бартараф намуда, интиқоли барқро барқарор намуданд: “Ширкати «Барқи Тоҷик» овозаро дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудияти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе қатъиян рад намуда, аз муштариён барои ин нороҳатӣ маъзарат мепурсад”.
Ин дар ҳолест, ки сокинони Душанбе мегӯянд, давоми барфрезии рӯзҳои охир ва сардӣ, ки пойтахтро фаро гирифт, ба мушкили бебарқӣ дучор гардиданд. Феълан нерӯи барқ дар пойтахти Тоҷикистон манбаи асосии гармӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |