Райиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо қарори худ Шокиров Музаффар Неъматовичро, ки то ин вақт сардори идораи таъмиру сохтмони шаҳри Қайроққум буд, сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд таъин кард.
То ин маврид Неъматҷон Юсуфов, ки бо қарори қаблии райиси шаҳр райиси кулли корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал» таъин гардид, роҳбарии ин идораро ба зимма дошт. Музаффар Шокиров зодаи шаҳри Хуҷанд, дастпарвари Донишгоҳи политехникии шаҳри Бишкеки ҷумҳурии Қирғизистон аст. Ӯ баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба сифати муҳандиси ташхисгоҳи сохтмонии трести «Сельстрой-4»-и шаҳри Хуҷанд оғоз карда, баъдтар дар вазифаҳои устои калон, сармуҳандиси колоннаи сайёри механиконидаи рақами 45, сардори МХПМУ-и трести «Сельстрой–4», сарвари ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «АТК-2»- и шаҳри Кайроққум ва аз соли 2000-ум то ба ин ҷониб вазифаи сардори идораи таъмиру сохтмони шаҳри Қайроққумро ба ӯҳда дошт.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукмати шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Мӯҳр