Бахшҳо
25 ноя 2016 17:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Иттифоқи истеъмолгарон таъмини воқеии мардум бо барқро санҷид

Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мегӯяд, шабонрӯзи гузашта, ки кишварро сардӣ фаро гирифтааст, мардуми навоҳӣ 6-8 соат барқ мегиранд.

Тибқи мониторинги Иттифоқи истеъмолгарон, ки 24-уми ноябр гузаронда шудааст, сокинони ноҳияи Файзобод-8 соат, Ҳисор-8, Лахш-24, Рашт-8, Нуробод-6, Рашт-8, Рӯдакӣ-7, Шаҳринав-7,30, Сангвор-7, Тоҷикобод-7, Турсунзода-24, Ваҳдат-7 ва Варзоб 24 соат барқ гирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ дар вилояти Суғд мардуми ноҳияи Айнӣ-7, Ашт-13 соату 10 дақиқа, Бобоҷон Ғаффуров-7 соату 30 дақиқа Ғончӣ-7 соату 25 дақиқа, Исфара-8, Истаравшан-13, Ҷаббор Расулов-8, Конибодом-8 соату 50 дақиқа, Мастчоҳи куҳӣ-8 соату 30 дақиқа, Панҷакет-7 соат, Шаҳристон 5 соату 30 дақиқа, Спитамен-6 соат, Зафаробод-6 соат ва шаҳри Бӯстон 18 соат бо барқ таъмин будаанд: “Дар Хатлон ноҳияи Балҷувон-8, Бохтар-9 соат, Фархор-10, Дӯстӣ-7, Ҷомӣ-7 , Ховалинг-7 соат, Хуросон-7, Муъминобод-8, Норак-24, Носири Хисрав-8, Панҷ-6, Қумсангир-7, Ҷалолиддини Румӣ-7, Сарбанд-24, Шаҳритус-6,30, Вахш-7,30, Восеъ-8 ва Ёвон 10 соат барқ гирифтааст”.

Дар ВМКб ба ғайр аз сокинони Мурғоб, ки 8-соат барқ мегиранд, боқимонда 24 соат бо барқ таъмин мебошанд.

Ширкати “Барқи тоҷик” 1-уми ноябр бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш маҳдудияти интиқоли барқро ҷорӣ кард.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” гуфт, ҳар шабонарӯз дар кишвар 35-38 миллион киловатт-соат энергияи барқ истеҳсол мегардад, ки он ба тамоми шаҳр, вилоят ва ноҳияҳои тобеи марказ, вобаста ба шумораи аҳолӣ ва ҳаҷми истеҳсолот тақсим мешавад. Ӯ дақиқ нагуфт, ки мардуми навоҳӣ дар як шабонарӯз чанд соат барқ мегиранд ва афзуд, ки ин дар салоҳияти мақомоти маҳаллӣ аст.
Мӯҳр
Усмон
Пешвор милат дар як суханронии худ гуфта буданд ки имсол сокинони кишвар 14 соат бо барк таъмин карда шаван.

Насим
дар кисмати болои нохияи Ванч рузи 24 уми ноябр тамомон барк набуд...

Хайр, фахмо, ки ба шахоу нохияхои чумхури барк намерасад. О, чаро дар худуди ш.Душанбе мунтазам барк хомуш мегардад? Итттифоки истеъмолкунандагон чаро аз номи ахоли ин Барки точикро ба суд намекашад? Ин барчихо пула чинда, ягон масъулиятро хис намекунанд, чунки касе онхоро ба чавобгари намекашад. МАрдум гаргангу гул, инхо дар маишат...

Зоири С
Дуруги махз мебошад, зеро сокинони чамоатхои шахри Панчакент ягон вакт (аз саршавии лимт 15.10.2016)хафт соат барк нагирифтаанд, аз се то чор соат барк мегиранд ва он хам бошад дар кадом вакте бошад мпасъулини барк медиханд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)