Раиси Маҷлиси намояндагон: Дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад
Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аснои суханронӣ дар ҷаласаи 45-уми Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ гуфтааст, дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, Зуҳуров дар мавзӯи “Сифати таълим дар кишварҳои аъзои ИДМ: таъмини ҳуқуқӣ ва таҷрибаи самарабахш” баромад намуда, таъкид кардааст, барои беҳтар намудани сифати потенсиали инсонӣ бояд ба сатҳи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, бояд ба таври назаррас сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои он, бахусус дар муассисаҳои олии касбӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи муосир, беҳбуд бахшид.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар идома қайд намудааст, ки бо мақсади мутобиқ кунонидани системаи маорифи Тоҷикистон бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар парлумони кишвар як қатор қонунҳо қабул шудаанд.
Ба қавли Зуҳуров, дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ, ҳамчун забони муоширати байни ақаллиятҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад: “Дар Форуми панҷуми Байнипарлумонии “Тоҷикистон – Россия: Потенсиали ҳамкориҳои байниминтақавӣ” дар таърихи 13 октябри соли 2016 бо иштироки Валентина Ивановна бар уфуқҳои нави ҳамкорӣ таъкид шуд ва ҳамчунин тавофуқи фиристодани 30 омӯзгори фанни забони русӣ аз ҳамаи минтақаҳои Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ба даст омада буд. Имрӯз ин масъала тақрибан роҳи ҳалли худро пайдо кардааст ва бо самимияти зиёд мехоҳам миннатдории худро ба Валентина Ивановна барои мусоидати фавриаш дар иҷрои ин масъала иброз дорам”.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кардааст, ки айни ҳол дарТоҷикистон 161 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки низоми таълимашон ба забони русӣ аст, амал намуда, дар ин муассисаҳо 64 194 хонанда таҳсил мекунад. Ӯ иброз дошта, дар муассисаҳои олии Русия беш аз 15 000 шаҳрванди Тоҷикистон таълим мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |