Дар ноҳияи Конибодом қатори боркаш ва як вагони мусофиркашро ба яғмо бурданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, зимни як амалиёти кормандони милитсия Амирбек Мирсалимови 36 сола, сардори истгоҳи «Конибодом» дастгир карда шуд. Номбурда сокини ноҳияи Б. Ғафуров буда, бо маслиҳати пешакӣ бо Абдуваҳҳоб Низомови 54 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Чкалов, сардори истгоҳи «Деваштич»-и вилояти Суғд, 1-адад вагони боркаш ва як вагонқатори мусофиркашро, ки дар истгоҳи «Конибодом» меистоданд, бо тартиб додани шартнома оиди фурӯши оҳанпора ба корхонаи «ООО Тиенг Лонг», ба маблағи 536.960 сомонӣ фурӯхта маблағи ба дастовардаро азхуд кардаанд.Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр