Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми ноябр ҷаласаи ҳукумат гузаронда, масоили кадрӣ, мубориза бо коррупсия, беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ва додани унвонҳои илмиро дар кишвар баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласа нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардида, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати адлия ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тасдиқ карда шуд.
Дар пайи ин Рустами Эмомалӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба қонунҳо ва Кодексҳои кишварро муаррифӣ кардааст, ки ба муборизаи беҳтар алайҳи коррупсия равона шудаанд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Рустами Эмомалӣ аз ҷумла дар бораи тағйирот ба қонунҳо “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва инчунин тағйирот ба Кодекси ҷиноятию Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро муаррифӣ кардааст, ки аз ҷониби ҳукумат маъқул дониста шуд: “Ҳамаи лоиҳаҳои мазкур барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд”.
Зимни ҷаласа Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 гузориш додааст, ки бар асоси он сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи соли 2015 то ба 20 фоиз дар соли 2020 ва сатҳи миёнаи зиндагии аҳолӣ аз 22 фоизи соли 2015 то ба 30 фоиз дар соли 2020 бояд расонда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи зарурӣ ва босифат дар амал татбиқ кардани нишондодҳои барномаи миёнамӯҳлати рушди ҷумҳурӣ дастур додааст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда бо дарназардошти манфиати давлату миллат тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Дар пасманзари иттилоъ, ки Русия кори аксари Шӯроҳои илмиро дар Тоҷикистон мутаваққиф кардааст, мавзӯи додани унвонҳои илмӣ яке аз мавзӯҳои меҳварии ҷаласаи ҳукумат будааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдуҳаким Розиқзода, раиси “Комиссияи олии аттестатсионӣ” дар ҷаласа дар бораи тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои дисертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ, дотсент, профессор ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда гузориш додааст.
Дар охири ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон масъулинро муваззаф кардааст, ки барои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |