Осиёи Миёна дар раддабандии ФИФА: Тоҷикистон ба пеш дигарҳо ба қафо
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ҷадиди Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), ки 24-уми ноябр нашр гардид, 9 зина пеш рафта, дар мақоми 131-ум ҷой гирифт.
Тибқи гузориши ФИФА ба ғайр аз Тоҷикистон мунтахаби футболи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мавқеашонро дар раддабандӣ аз даст дода, поин рафтаанд: “Қазоқистон 7 зинаро аз даст дода, дар мақоми 97 ҷой гирифтааст. Узбакистон 14 зина, Қирғизистон 25 зина ва Туркманистон 29 зинаро аз даст дода, мутаносибан дар мақоми 62, 124 ва 143-юм ҷой гирифтаанд. Русия ҷои 55-ум гирифтааст, ки дар қиёс бо моҳи пешӣ 2 зинаро аз даст додааст”.
Ба сегонаи кишварҳои пешсафи раддабандӣ Аргентина, Бразилия ва Олмон шомил шудаанд.
Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад. Пешравии Тоҷикистон дар раддабандӣ баъди пирӯзиҳояш дар сабқат бо мунтахаби Афғонистону Туркманистон таъмин гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |