Кормандони раёсати агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд дар ҷараёни тафтиши мусофироне, ки бо хатсайри Хуҷанд-Маскав озими пойтахти Русия буданд, ба гумони интиқоли маводи мухаддир як шаҳрванди 28-солаи шаҳри Чкаловскро боздошт намуданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, номбурда қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 237 Кодекси ҷиноӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст. Баъди баромадан ба озодӣ вай қасд кард, ки 37 адад ғилофаки пур аз ҳероинро, ки наздик ба 250 грамм вазн дошт, дар меъда фурӯ барад ва ба Русия интиқол диҳад. Аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии агентӣ тибқи моддаи 200 қисми 2 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) ва 289 қисми 2 (қочоқ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Феълан шахси дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Мӯҳр