Шанбе, 5 Апрел 2025
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо мукаммал намудани рӯйхати афроди дар ҷустуҷӯбуда исми Гулмурод Ҳалимов, раҳбари пешини “ОМОН”-и ин ниҳодро ҳам ворид кардааст.
Дар баробари Ҳалимов боз акси 10 нафари дигар ҳам нашр шудааст, ки даст даст силоҳ ва ё назди парчами сиёҳи гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” қарор доранд.
Ворид кардани номи Гулмурод Ҳалимов ба ин феҳраст дар ҳолест, ки ахиран расонаҳо аз нашр шудани акси нави ӯ дар интернет хабар доданд. Расонаи мустақили akhbor.com ахиран навишт, ки акси нави полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов аз ҷониби як корбари шабакаи иҷтимоии “Twitter” нашр шудааст. Дар ин акс Ҳалимов бо мӯи сари дароз ҳамроҳи як кӯдаки хурдсол дида мешавад.
Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 замоне, ки фармондеҳии “ОМОН” –и ВКД буд, ба таври мармуз аз Душанбе ғайз зад ва баъди як моҳ дар навори видеоие аз пайвастанаш ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” хабар дод. Моҳи феврали соли 2016 бошад, хабари ба Сурия рафтани ҳамсари дуюми ӯ Ҳумайро Мирова, собиқ сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва фарзандонаш расонаӣ шуд.
Моҳи сентябри соли равон Амрико эълон кард, бароимаълумот дар бораи маҳалли буду боши Ҳалимов то 3 миллион доллар ҷоиза медиҳад.
Дар ду рӯзи пеш аз ин торнамои Вазорати умури дохилӣ аз мавриди пайгард қарор доштани ҳудуди 30 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули 5 ҷавонзан хабар дода буд. Бузургтарини ин афрод 55 ва хурдтаринашон 24 сол доранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар гузашта ному насаби бархе аз ин афрод дар феҳрасти ҷангиёни тоҷики гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дида мешуд, эҳтимол меравад, ки мақомоти тоҷик онҳоро бо иттиҳоми пайвастан ба ин гуруҳи тундрав дар Ироқу Сурия мавриди пайгард қарор додааст.
ФЕҲРИСТИ АФРОДИ ДАР ҶӮСТУҶӮБУДА, КИ ВКД НАШР КАРДААСТ
Давлатов Дилшод Кундузович, санаи таваллудаш 22.08.1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Қаҳҳоров. Аз 05.11.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Азизов Мирзошариф Соҳибназарович, санаи таваллудаш 01.01.1992, зода ва сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ. Аз 05.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Аламов Шеравлиё Абдулҳамидович, санаи таваллудаш 01.01.1995, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Муминобод, ҷамоати деҳоти Кулчашма. Аз 11.12.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Умаров Даврон Сафармадович, санаи таваллудаш 18.07.1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ҷумаев. Аз 20.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Зарринаи Шамсиддин, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Гулистон. Аз соли 2015 дар кофтуков қарор дорад.
Кимиёи Зоҳир, санаи таваллудаш 07.10.1994, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Канорӣ. Аз 28.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Мамадшехова Шоҳиста (Шоиста) Зикруллоевна, санаи таваллудаш 09.09.1977, сокини ноҳияи Спитамен, шаҳраки Нов, кӯчаи Ленинград. Аз 19.11.с.2014 дар кофтуков қарор дорад.
Тағоймуродзода Мафтунаи Саидакбар 26.11.1991 санаи таваллуд, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Бахор деҳаи Ҳоҷи Қатаған. Аз соли 2015 дар кофтуков қарор дорад.
Муҳитдинова Малика Суҳробовна, санаи таваллудаш 30.01.1995, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ. Аз 05.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Неъматов Акбар Саидович, санаи таваллудаш 10.10.1990, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ. Аз 30.05.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Давлатов Шаҳидулло Маҳмадсолеҳович, санаи таваллудаш 10.05.1992, зода ва сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Канорӣ. Аз 31.05.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Ғиёсов Неъматулло Аҳмадович, санаи таваллудаш 12.07.1994, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Пушкин. Аз 25.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Ҳамидов Шарифбек Набиевич, санаи таваллудаш 24 августи соли 1977, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Абдуллоев. Аз 17.11.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Замиров Абдуаҳад Бегиҷонович, таваллудаш 12 сентябри соли 1988, зода ва сокини ноҳияи Нуробод, ҷамоати деҳоти Хумдон, деҳаи Оби Лурд. Аз 01.05.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Адилов Шерали Туланович, санаи таваллудаш 26.02.1984, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Адолат. Аз 13.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Бозоров Сунъатулло Додарович, санаи таваллудаш 17 феврали соли 1989, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Борбад. Аз 02.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Амрияздони Шамсимад, санаи таваллудаш 10.07.1990, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ш. Шоҳин, деҳаи Хоҷағалтон. Аз 10.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Додоев Диловар Азимович, санаи таваллудаш 02.03.1989, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, кӯчаи Дӯстӣ. Аз 20.11.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Маҳмадиев Маҳмад Файзиҷонович, санаи таваллудаш 29.01.1991, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қазоқон. Аз 14.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Ҳасанов Фарҳод Назриддинович, санаи таваллудаш 01.02.1992, зодаи ноҳияи Нуробод, сокини ноҳияи Ҳисор, ҷамоати шаҳраки Шарора. Аз 21.04.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Шодмонов Искандар Пирназарович, санаи таваллудаш 09.05.1987, зодаи ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳазора. Аз 20.05.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Салимов Абдурауф Раҳмонқулович, санаи таваллудаш 07 феврали соли 1985, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Тургенев. Аз 17.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Рафиев Умед Давлатович, санаи таваллудаш 19.01.1979, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Канорӣ. Аз 05.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Саидимрони (Саидумрони) Талабшо, санаи таваллудаш 12.05.1991, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Ҷангалобод. Аз 16.12.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Файзов Баҳром Ғуломович, санаи таваллудаш 17.09.1979, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Минжинский. Аз 10.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Қурбонов Бозор Ашурович, санаи таваллудаш 15.02.1961, сокини шаҳри Истаравшан, деҳаи Яккабоғ. Аз 14.02.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Бобохонов Бобоҷон Хайруллоевич, санаи таваллудаш 06.12.1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамотаи деҳоти Деҳи баланл, деҳаи Душанбе. Аз 07.10.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Набиев Замир Муминович, санаи таваллудаш 18.12.1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, деҳаи Яккабоғ. Аз 06.07.с.2012 дар кофтуков қарор дорад.
Тоҳиров Юнусҷон Аҳмадҷонович, санаи таваллудаш 02.05.1980, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Меҳнат. Аз 05.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Дилшоди Садриддин, санаи таваллудаш 29.05.1995, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳусейнов, деҳаи Дастгираки боло. Аз 03.11.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Бобохонзода Давлатманди Раҷабмурод, санаи таваллудаш 26.07.1994, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Зайнаббибӣ. Аз 29.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Ҳоҷи Давлатализода Муҳаммад, санаи таваллудаш 18.08.1995, сокини шаҳри Сарбанд, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Тоҷикобод. Аз 01.04.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |