Нигаронӣ аз сатҳи равобити Тоҷикистону Молдов
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Витюк, муовини раиси парлумони Молдов гуфтааст, равобити дипломатӣ миёни ду кишвар ба сатҳи имрӯз ҷавобгӯ нест.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Зуҳуров дар суҳбат ба Витюк таъкид намуда, ки Тоҷикистон заминаҳои зиёди ҳамкорӣ дорад ва бояд дар оянда аз он истифода бурд. Ба иттилои манбаъ, муовини раиси парлумони Молдов низ гуфтааст, ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз имконоти фарохи мавҷудаи равобит истифодаи самарбахш накардаанд: “Ман умедвор ҳастам, мо дар ҷараёни баргузории ҷаласаҳои парлумонӣ дар мамлакатҳои худ сари ин масъалаҳо изҳори назар хоҳем кард”.
Аммо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сатҳи муносиботи дуҷониба дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ибрози ризоият кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |