Бахшҳо

Нур, Нурсултон, Назарбоев, Элбаси ё?

Вакилони парлумони Қазоқистон пешниҳод кардаанд, шаҳри Остона, пойтахти ин кишвар ба номи раисиҷумҳур гузошта шавад.

Аммо назари вакилон дар бораи ном ё насаби Президентро ба номи шаҳр гузоштан гуногун будааст. Масалан, Қуаниш Султонов ҷонибдори ба Нурсултон ва Загифа Балиева ба Назарбоев табдил шудани Остона будаанд. Бактигул Хаменова бошад, исми Элбасиро мувофиқ шумурдааст. Михаил Бортник ҷонибдори Остона-Элбаси буда, Нурлан Негматуллин пешниҳод намуда, ки аз номи Нурсултон калимаи Нур дар номгузорӣ истифода шавад. Дар ҷаласаи Сенат ва Маҷлиси парлумони Қазоқистон таъкид шудааст, ки номи пойтахт то поёни ҳамин сол бояд иваз карда шавад.

Фарзидем, агар ШУМО ҳаққи интихоби исми нави пойтахти Қазоқистонро медоштед, чӣ номеро ба он мувофиқ мешумурдед? БИГӮЕД!
Мӯҳр
Сипеҳр
Пешниҳоди ман Нуробод аст агарчи Остона ҳам номи зебо аст. Акнун, ки зарурати қурбонӣ барои пешво дар Қазоқистон пеш омадааст, бигзор Остона ба Нуробод табдил шавад...

махди
Назарбоев остонаро дар як биебони нообод аз сифр сар карда як шахри зебои замонави бунед кард ки аз алмаато дида мучаллотару бохашамат аст.илова ба ин босавод буда аз тарики шабакахои телевизиони россия ва чахон иззати миллаташро пайваста химоят мекунад ва аз обруи калон бархурдор аст хатто путин ако дар бисери мавзухои мухими сиеси бо назарбоев машвара мекунад.иктисодиети кавии пешрафта дорад.чандин маротиба ба точикистони кашшок кумаки башардустона расонид
хулоса пойтахти ватанаш нурсултонобод номгузори шавад арзанда аст.

Абай
Чаро, Султонобод не?...
-Инро мантиқаш зиёдтараст, ку- охир онро Султон, яъне Назарбоев ба як шаҳри зеботарини ҷаҳон табдил дод. Боз мантиқ, султон-шоҳ...
Вақти он аст, дар бораи номи Душанбеи худамон ҳам, фикр кунем. Дар ростои ҳамин фарҳангу адабиёти ғание, ки мо тоҷикон дорем, магар ин ном аст. Боре журналисти эроние баъди сафари якҳафтаина дар яке аз рӯзномаҳои Эрон мақолае навишт, ки сарлавҳааш масхараомез чунин буд; "Аз душанбе то душанбе дар Душанбе"...
Ёбеду гиред ако-тоҷико

[b]Абай[/b
Бигузор пойтахти давлати мо хам ивази ном кунад.

Охо ин икдомро албата Точикистон низ такрор мекунад. Метарсамки Душанберо Рахмонобод ном накунанд. Холо охистакак мухлисонашо пешниходи худа мекунанд. Озодагон инро сабт карда монед хамин хел албата мешавад.

Аз хама хуб "НУРНАЗАР" Яъне ба ин миллат нури илохи назар кардааст.Назари нур ба Казокистон инчунин мувофик ба шохи он давлат НУРсултон НАЗАРбоев

танхо пешниход кардам

Илтимос озодагон чоп кунед

АБАЙ
акаи "Душанбенец" аз ҳаму номи худат дида, Раҳмон- ин яке аз номҳои худованд аст, ба фикрам зеботар аст..
- Раҳмонобод ва Душанбенец кадомаш мусулмонию тоҷикиянд, аз рӯи инсоф бародарон?!..

мехмон
Албатта дар зинда будани шахс номгузори айб хаст. Мо хама ин оламро вакте падруд мегуем. Ё .....

ба фикри банда НурЭлбаси низ ба хакикат наздик АСТ.

Остон
Остона номи таърихии точикии худаш хаст бигзор бошад ин Нурсултонхо зиёд меоянду мераванд

Салим
Остона хуб буду агар рафту ин ном сабаби бухрони иктисодии ин шхар гашта ё ин миллат аз ин ном безор бошанд дар ин хол НУР бимонандСипеҳр,

Муха
Ба фикрам Нуркент гузорем хеле бехтар мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)