Дар бозии охирин дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими “Парвоз” бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омад. Ҳар ду голро Комил Саидов (голи дуввум аз ҷаримаи 11-метра) ба ҳадаф расонд. Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бидуни бозӣ бар “Хайр”-и Ваҳдат, ки аз мусобиқот хориҷ шудааст, бо ҳисоби фаннии 3 бар 0 ғолиб дониста шуд. Бозии ин давр миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Шодмон”-и Ҳисор, ки пешакӣ баргузор шуда ва бо ҳисоби ҳафт бар сифр ба фоидаи дастаи “Регар-ТадАЗ” поён ёфта буд.
Ба ин тартиб, тими “Равшан” мисли пешин бо 89 хол аз 38 бозӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони ин даста ду бозии охиринро бо “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод.Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 77 хол аз 33 бозӣ дар мақоми дуюм аст. Тими “Истиқлол”, ки аз ҳама камтар, яъне 29 бозӣ кардааст, бо 75 хол дар ҷои севвум мебошад. Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни пешсафон идома хоҳад ёфт.
Бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот рӯзи 1 декабр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа миёни дастаҳои “Вахш”-у “Истиқлол”; 2 декабр дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни тимҳои “Парвоз” ва “Регар-ТадАЗ” баргузор хоҳанд шуд. Инчунин, 3 декабр ду бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд”- “Энергетик”, “Истиқлол”- “Вахш”; 6 декабр ССКА “Помир”- “Истиқлол”, “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ” ва 7 декабр “Парвоз”- “Энергетик” баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |