Бахшҳо

Иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ

Гуруҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров дар Санкт-Петербурги Русия қарор доранд, имрӯз, 23 ноябр дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок кардаанд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, дар ин ҷаласа вакилон ҳамроҳ бо аъзоёни Маҷлиси миллӣ роҷеъ ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сиёсат, ҳамкориҳои байналмиллалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ фикру андешаҳои хешро иброз намуданд.

Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммадюсуф Имомзода, узви Маҷлиси Миллӣ, Ҷамшед Саидов, вакили Маҷлиси намояндагон ва Мирзодавлат Сабурзода, ки муовини раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои итисодию иҷтимоиро бар ӯҳда дорад, дар ҷаласа зиёда аз 10 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд: “Аз ҷумла масъалаҳо оид ба рафти иҷрои барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои аъзои ин созмон барои солҳои 2016-2020, “Дар бораи ҷамъбасти иҷлосияи майи соли 2016-и Шўрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаљамъӣ ва рафти иҷрои ба тасвиб расонидани шартномаҳои байналмиллалии басташуда, дар доираи ин созмон ва “Дар бораи таҳияи хуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрии ба танзим дароварандаи фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии созмони мазкур ва тасдиқи накшаи корӣ барои соли 2017”- ро ба таври фаъолона баррасӣ намуданд”.

Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров шоми 22 ноябр ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар намуданд. Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, дар назар аст, Шукурҷон Зуҳуров дар доираи ин сафар бо раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия ва ҳайати воломақоми парлумони Молдов мулоқот анҷом бидиҳад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)