Вакилони парлумон: Пойтахт ба номи Президент гузошта шавад!
Намояндагони парлумони Қазоқистон пешниҳод кардаанд, номи Остона ба Нурсултон Назарбоев иваз шавад.
Ин пешниҳод яке аз бандҳои баёнияи парлумони Қазоқистон дар мавриди 25-умин солгарди Истиқлоли ин кишвар будааст. Куаниш Султонов, намояндаи парлумони Қазоқистон аснои қироати баёния гуфтааст: “Дар мавриди он ки оё номи Остона “Нурсултон” ё “Назарбоев” мешавад, суҳбат ва баррасӣ хоҳем кард. Ин пешниҳоди мардумӣ аст ва мо онро дар эъломияи парлумон ворид кардем”.
Ин намояндаи парлумон гуфта, ки шаҳри Остона ва мардуми Қазоқистон сазовори номи нахустин Президент ва бунёдгузор мебошанд. Ӯ бо ишора ба он ки ин тасмим “дуруст” ва “муҳим” мебошад, афзудааст: “Маблағе, ки барои ин иқдом масраф мешавад ба фоида ва шаклгирии огоҳии миллӣ, таърих ва давлатдорӣ хоҳад буд”.
Бакитгул Хаменов, як намондаи дигари парлумони Қазоқистон пешниҳод кардааст, пойтахти Қазоқистонро “Елбасӣ” номгузорӣ кунанд. Аммо Михаил Бортник, сенатори Қазоқистон изҳор дошта, ки “мехоҳам номи пойтахти кишвар Астана-Елбасӣ бошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |