Дастури Убайдуллоев ба муовинонаш: Шабонарӯзӣ навбадорӣ кунед (ҶАДВАЛ)
Дар пайи барфрезӣ ва якбора сард шудани ҳаво Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе муовинони худро муваззаф кардааст, шабонарӯзӣ навбатдорӣ кунанд.
Дар қарори шаҳрдори Душанбе таъкид шудааст, ин тасмим ба хотири “таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр ва зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиат ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳо дар сохторҳои марбутаи дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар мавсими зимистон” гирифта шудааст.
Ҷадвали навбатдорӣ то 26 марти соли 2017 тасдиқ шуда ва Убайдуллоев назорати иҷроиши онро бар души роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузоштааст. Дар қарори шаҳрдор дар ин маврид гуфта шудааст, ки “муқаррар карда шавад, ки ҳангоми навбатдории шабонарӯзӣ дар ин давра шахсони мансабдор барои мусоидат Намудан баҳри ҳаллу фасли фаврии ҳар як мушкилоту ниёзмандиҳои сокинони шаҳр дар сохторҳои марбутаи дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, масъулияти шахсӣ доранд”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ширкати “Барқи Тоҷик” хоҳиш кардааст, дар давраи муқарраршуда бо ташкили навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби роҳбарони зерсохторҳои он дар шаҳри Душанбе ҷиҳати қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита бо беҳбуд бахшидани хизматрасониҳо оид ба таъмини нерӯи барқ, истеҳсол ва дастрас намудани гармӣ тавассути Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ”, Маркази барқу гармидиҳии №2, дегхонаҳои “Ғарбӣ” ва “Шарқӣ” ва ҳаллу фасли саривақтии дархосту ниёзмандиҳои аҳолӣ, ки ба салоҳияташон дохил мешавад, чораҳои мушаххас андешида, тавассути воситаҳои ахбори омма воқеиятро ба иттилои мардум расонанд.
ҶАДВАЛИ НАВБАТДОРИИ ШАБОНАРӮЗӢ, КИ УБАЙДУЛЛОЕВ ТАСДИҚ КАРДААСТ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |