Ҳукумат иловаи витаминҳо ба ордро ба таъхир гузошт
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи парлумон дар бораи ғанигардонии ҳатмии орди гандумиро баррасӣ карда, хулоса додааст, ки он саривақтӣ нест.
Тибқи иттилои манобеи "Озодагон" хулосаи ҳукумат дар бораи таъхири қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба парлумон равон шудааст.
Пешниҳод барои фортификатсиясозӣ, ё иловаи витамину минералҳо ба орди гандумӣ дар ҳолест, ки ба иттилои мутахассисон ҳангоми коркард бисёре аз маводи фоиданоки гандум аз байн мераванд.
Тибқи иттилои барномаи озуқаи СММ ҳудуди 60 дарсади калорияи рӯзонаи тоҷикистониёнро маҳсулоти гандумӣ ташкил медиҳанд ва ин яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |