Мақомоти тафтишотии Русия дар марги 7 муҳоҷири тоҷик дар сӯхтори Тюмен масъули ширкати “Горизонт”-ро муттаҳам мекунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия сардори майдони сохтмонии ширкати “Горизонт” боздошт шудааст: “Боздоштшуда масъули риояи қоидаҳои зидди сӯхтор буд, аммо вазифаашро иҷро накардааст. Дар натиҷа муҳоҷирон аз дастгоҳҳои корношоями барқӣ истифода кардаанд, ки бо марги 7 ва заҳролудшавии 3 нафар анҷомид”.
Сӯхтори вагони ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан соати 2-и шаби 19 ба 20-уми ноябр дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии “Абсолют Агро”-и вилояти Тюмен рух дода буд.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса 6 сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Деваштич- Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович, соли таваллудаш 1987, Рӯзиев Парвин Мусоҷонович, соли таваллуд 1988, Шодиев Самариддин Фазлиддинович, соли таваллуд 1989, Миров Мирсабур Мирсаидович, соли таваллуд 1997, Нуров Кобилҷон Комилҷонович, соли таваллуд 1994, Ф.Назаров ва як сокини ноҳияи Мастчои Куҳӣ - Шарифов Олимҷон Шарифович, соли таваллуд1997 ба ҳалокат расидаанд.
Аз заҳролудшудагон Раҳмонов М., соли таваллуд 1989, Олимов П., соли тавллуд 1989 ва Қосимов К., соли 1993 ном бурда мешавад, ки онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ширкати “Горизонт” қонунӣ кор мекардаанд ва ширкат пардохти хароҷоти интиқоли ҷасад ва ҷубронпулиҳоро ба уҳда гирифтааст. Дар назар аст, ки ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба Ватан интиқол ёбад.Акси ҷавонони ҳалокшуда дар сӯхтори Тюмен:
Мӯҳр