Тавсияҳои КҲФ: Аз захираи сӯзишворӣ то ёрӣ ба муҳтоҷон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар пайи сардӣ ва барфрезии ахир ба сокинони кишвар тавсия додааст, то чанд қоидаҳоро риоя кунанд.
Яке аз аввалин тавсияҳои ин ниҳод доштани захираи зарурии сӯзишворӣ барои соҳибони дилхоҳ манзил ва новобаста аз системаи гармидиҳии он аст: “Ҳангоми огоҳӣ ёфтан аз сардии шадиди ҳаво, оби қубурҳои гармидиҳандаро ба танзим дароред ва бинед, ки онҳо аз кор намонанд. Утоқҳоро бо системаи гармидиҳии боэътимод таъмин кунед, то ин ки барои аҳли хонавода сарпаноҳе аз гармои сахт бошанд. Дар он ҷо чизу чораи эҳтиёҷи аввал-чароғ, радиои транзисторӣ, шамъ, фонус, гугирд, захираи хӯрок ва оби ошомиданӣ, анвоъи доруҳои гуногун, бистарҳои гарм ва ҳатто халтаҳои хоб ва ғайраро нигоҳ доред.
Даргиронидани системаҳои мустақили гармидиҳиро қабл аз он ки ҳарорати хона поин равад, фаромӯш накунед. Асбобҳои гармидиҳии худсохти барқӣ ва обиро истифода накунед!”
Кумита аз сокинон даъват кардааст, ҳангоми бӯрон бе зарурат аз хона берун набароянд ва дару тирезаҳоро боз накунанд, то ҳарорати ҳавои дохили хона тағйир наёбад, чун ба ҳолати аввала баргардонидани он вақти зиёд талаб мекунад: “Ҳангоми шамоли сахт зери дарахтони бузургҷусса, пояҳои реклом, девори хонаҳои фарсуда ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ наистед! Бовар кунед, ки ҳайвоноти хонагиатон дар ҷойи амн қарор доранд ва барои онҳо хӯрок ва об ба таври кофӣ захира шудааст”.
КҲФ ба соҳибони мошинҳои шахсӣ тавсия додааст, воситаи нақлиёти худро бо асбобҳои зарурӣ, аз ҷумла бел, табар, ҳезум, занҷирҳо, фонусҳо, халтаҳои хоб, захираи ғизо, таҷҳизоти мошинии бакорандозии телефонҳои мобилӣ ва ғайра таъмин кунанд: “Агар Шумо дар ин гуна ҳолатҳо дар дохили мошинед: пас мошинро оҳиста ронед ва танҳо аз роҳҳои асосии мошингард истифода кунед, ҳангоми бад шудани ҳаво ва ногувор гаштани шароити рондани мошин дар роҳҳо мошинро нигоҳ доред ва дар ягон бино паноҳ баред”.
Ин ниҳод мегӯяд, агар мошин вайрон шуд ва ё дар ҷойе дар барф, лой ё ях дармонд, пас беҳтар аст, то омадани кӯмак дар дохили мошин бимонед, ҳавои дохили мошинро бо истифода аз дастгоҳҳои шамолдиҳӣ, ки ба тарафе гардонида шудааст, тоза кунед, ҳамин амалро ҳангоми тӯфон низ ба ҷой оред: “Бубинед ва боварӣ ҳосил кунед, ки оё дар наздикиҳои шумо ҷабрдида ё зарардидаи муҳтоҷи ёрӣ нест? Агар бошад, кӯмакатонро дареғ надоред”.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон бориши барф дар кишвар рӯзҳои 23 то 26 ноябр шиддат мегирад.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |