Убайдуллоев: Дар низоми пурхилоф бояд атрофи Пешво муттаҳид бошем

Шаҳрдории Душанбе изҳороти Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахтро дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти институти президентӣ нашр кардааст.
Убайдуллоев ба муносибати нахустин ҷашни Рӯзи Президент дар Тоҷикистон изҳор доштааст, ки тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян намуд ва собит сохт, ки дар кишвар халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияи давлатӣ буда, Президентро бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд: “Бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатии кишвар бо сароҳат исбот намуд, ки қудрати президентӣ низоми давлатдории навинамонро аз бисёр хатарҳои дохилию хориҷӣ ҳифз намуда, таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат кишварро ба шоҳроҳи рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамун сохт ва исбот намуд, ки барои ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, институти президентӣ муассиртарин ва беҳтарин восита мебошад”.
Раиси Душанбе мегӯяд, институти президентӣ – роҳи таърихии санҷидашудае мебошад, ки ҳанӯз аз замони «Эҳё» дар Аврупо ба вуқӯъ омада, ба тадриҷ дар тӯли таърихи беш аз панҷсадсолаи ахир муассир будани хешро собит намудааст: “Аз ин ҷост, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамад имрӯз 149 давлати дунё дар доираи институти президентӣ низоми давлатдории худро таҳким бахшида, аксари онҳо ба кишварҳои пешрафтаи дунё табдил ёфтаанд”.
Убайдуллоев дар мавриди Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳамагон хуб дар ёд доранд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар замони вакили Шӯрои Олии кишвар будан, дар ҷаласаҳои он ҳангоми баҳсу мунозира бо ҳарифони сиёсии худ аз низоми демократӣ ва дунявӣ дифоъ намуда, хислатҳои воқеии раҳбари муосирро дар худ таҷассум менамуд ва аз ин лиҳоз дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат интихоб гардид ва тавонист дар кӯтоҳтарин вақт кишвари дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарордоштаро берун аз вартаи ҳалокат барорад ва ҳамчун пешвои воқеии миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми сазовори худро на танҳо дар сиёсат, балки дар қалби ҳар як тоҷикистонию тоҷикони бурунмарзӣ пайдо намояд”.
Раиси шаҳри Душанбе таъкид намудааст, ки “дар низоми пурхилофу осебпазири муносибатҳои ҷаҳони муосир беш аз ҳарвақта дар атрофи Президенти интихобкардаи худ ва сиёсати Пешвои миллат сарҷамъ ва муттаҳид шуда, Ватани маҳбубамонро боз ҳам обод, пешрафта ва ҳар фарди ҷомеаро дар кору зиндагӣ комгору муваффақ гардонем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |