АКС: Эълони сабаби сӯхторе, ки ҷони 7 ҷавони тоҷикро рабуд

Сӯхтори вагони ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон нисфи шаби гузашта 7 кушта ва 3 маҷруҳ барҷой гузошт.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия сӯхтор тақрибан соати 2-и шаби 19-уми ноябр дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии “Абсолют Агро”-и вилояти Тюмен рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳайати нахустини оташнишонҳо ба ҷои ҳодиса соати 1:57 ҳозир шуданд ва соати 4:04 сӯхтор хомӯш гардид: “Дар вагон шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ мекардаанд ва аз дохил онро барои нигоҳдории гармӣ тахтабандӣ кардаанд. 7 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар заҳролуд шудаанд”.
Мақомоти Русия бо нашри феҳрасти 7 нафари ҳалокшуда - Ниёзов У, соли таваллуд 1987, Рӯзиев П., соли таваллуд – 1988, Шарифов А., соли таваллуд – 1996, Шодиев Ф., соли таваллуд – 1989, Миров М., соли таваллуд – 1994, Нуров К., соли таваллуд – 1994, Назаров Ф., соли таваллуд – 1994 таъкид кардаанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аз заҳролудшудагон Раҳмонов М., соли таваллуд 1989, Олимов А., соли тавллуд 1989 ва Қосимов К., соли 1993 ном бурда мешавад, ки онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки бар асоси иттилоияи аввалия сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар задааст: "Таҳқиқи ин фоҷеа идома дорад". АКС-ҳои баъди сӯхтор:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |