Ҳушдори обуҳавошиносон аз тундбоди сибирӣ
Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз зуҳри шанбеи 19 ноябр фазои Тоҷикистонро тундбоди сибирӣ мепечонад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво якбора сард шуда, борони шадид, ки барфро дар пай дорад, пешгӯӣ мешавад. Барфрезӣ то 23 ноябр идома хоҳад ёфт:
“23 ноябр ҳаво мӯътадил гашта, сардии ҳарорати ҳаво меафзояд. Дамои ҳаво дар рӯзҳои боридани барф дар вилояти Суғд -1+ 4 дараҷа, Хатлон -0 +5 дараҷа, навоҳии тобеи марказ 1+ 4 дараҷа ва ВМКБ то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд”.
Се рӯз қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз сард шудани ҳаво ва резиши борону барф ҳушдор дода буд. Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бошад, ахиран аз ронандаҳо даъват кард, воситаҳои нақлиёти худро барои истифодабарӣ ба фасли зимистон омода намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |