Лукашенко: Мусалмонҳо ҳеч вақт барои мо мушкил эҷод накардаанд
Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорусия гуфтааст, кишвараш бо мусалмонҳо ҳеч мушкил надорад.
Хабарнигорон дар нишасти хабарии дирӯз, 17 ноябр аз Лукашенко пурсидаанд, ки чӣ гуна ба таъмини дӯстӣ миёни намояндагони динҳои гуногун даст ёфтааст ва барои ин чӣ корҳоро анҷом додааст: “Ҳатто наметавонам бигӯям, ки чизеро барои ин анҷом додаем. Мо ҳамчун як миллат зиндагӣ мекунем. Дар мавриди дин тибқи як шиор зиндагӣ мекунем - ҳар кас роҳи маъбади худро худаш пайдо мекунад”.
Раисҷумҳури Белорусия бо ишора ба ифтитоҳи масҷиди ҷомеъ дар Минск гуфтааст: “Дар кишвар ҳазорон мусулмон зиндагӣ мекунанд ва ман раисҷумҳури онҳо низ ҳастам. Онҳо ҳеч вақт барои мо мушкилеро эҷод накардаанд. Мо бо онҳо муносибати ҳасана дорем. Ҳамон муносибате, ки бо католикҳо ва православҳо дорем”.
Ӯ таъкид кардааст, мавзӯъи муносибати байни динҳо таҳти контроли шахсиаш аст: “Ман бодиққат назорат мекунам, ки чи гуна раҳбарон, масъулин ва руҳониён ба боварҳои дигарон муносибат мекунанд. Ин масъала таҳти контроли ман аст. Ҳукумат бояд зикр кунад: ҳама ҳаққи баробар доранд ва дар кишвари мо воқеъан ҳам чунин аст”.
Лукашенко дар идома гуфтааст, дар Белорусия муносибати муғризона ба намояндагони миллатҳои дигар вуҷуд надорад. “Барои пойдории субот миёни миллатҳо набояд гуфт, ки ту яҳуд, бошқирд ё татар ҳастӣ. Ҳама баробаранд”,-таъкид намудааст вай.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |