“Узметроном”: Ҳаракти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа барқарор мешавад
Ояндаи наздик эҳтимоли азсаргирии фаъолияти қитъаи роҳи оҳан, ки маркази Узбакистонро бо водии Фарғона мепайвандад, мавҷуд аст. Дар ин бора торнамои “Узметроном” хабар додааст.
Ҳаракат тавассути ин роҳ, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад чанд сол қабл қатъ шуда буд. “Барқарор намудани интиқоли бор тариқи ин роҳ ба манфиати ду кишвар аст”,-навиштааст манбаъ.
Торнамо бо такя ба манобеаш, ки онҳоро муътамад ном мебарад, ҳамчунин гуфтааст, дар чорчуби барқарор намудани муносиботи бародарона бо ҳамсоякишварҳо, ҷониби Узбакистон қисми роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппаро, ки соли 2011 бо сабаби хароб будани роҳ аз ҷониби Тошканд баста шуд, фаъол мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |