АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18-уми ноябр марҳилаи таҷдиди корхонаи истеҳсоли нуриҳои менералии “Азот”-ро расман оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябр бо ширкати «Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ»-и Чин Созишномаи сармоягузорӣ «Оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» ба имзо расонида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози таҷдиди корхона гуфт, ҳаҷми умумии сармоягузорие, ки барои амалӣ намудани лоиҳа ҷалб шудааст, қариб 2,9 миллиард сомонӣ-360 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва азнавсозии корхона дар муҳлати чор сол ба анҷом расонида мешавад: “Қобили зикр аст, ки дар сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии “Азот” ҳиссаи тарафҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин панҷоҳфоизӣ муқаррар шудааст”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур марҳалаи якуми лоиҳа истеҳсоли 120 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 200 ҳазор тонна карбамид дар як сол буда, муҳлати амалишавии он якуним солро дар бар мегирад: “Марҳалаи дуюм иқтидори 300 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 500 ҳазор тонна карбамидро ташкил дода, дар давоми се сол ба анҷом расонида мешавад. Яъне баъди пурра ба фаъолият оғоз кардани корхона, илова ба таъмини пурраи талаботи кишвар ба нуриҳои азотӣ, имконияти содироти онҳо низ пайдо мешавад. Талаботи солонаи соҳаи кишоварзии кишвари мо ба нуриҳои азотӣ 350 ҳазор тонна мебошад”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ширкати чинӣ дастур дод, ки дар муҳлати як солу ду моҳ корҳои таҷдиду барқарорсозиро ба анҷом расонида, корхонаро моҳи феврали соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд: “Инчунин супориш дода шуд, ки дар рафти корҳо беш аз 95 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд”.
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» - собиқ Заводи нуриҳои азотии Вахш, нахустин корхонаи бузурги кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1967 бо ду хати технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид бо иқтидори умумии 180 ҳазор тонна ба фаъолият оғоз карда буд. Дар коргоҳҳои он беш аз 1200 нафар кор мекард. Аммо корхона аз соли 2011 инҷониб аз фаъолият бозмонда буд.
Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли 2014, корхонаи «Тоҷиказот»-ро, ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда, Зайд Саидов тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира намуд. “Тоҷиказот” ба гуфтаи масъулин тайи солҳои охир ба далели қатъи интиқоли газ аз Узбакистон ба мушкил рӯбарӯ шуда, аз фаъолият бозмонда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |