Вокуниши нахуствазири Исроил ба Доналд Трамп дар мавриди мусалмонҳо
Бенёмин Нетанёҳу, нахуствазири Исроил бо пахши як баёния изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико дар мавриди манъи вуруди мусулмонҳо ба ин кишварро напазируфтааст.
Дар ин баёния омадааст: “Кишвари Ироил тамоми динҳоро арҷ мегузорад ва сареҳан ҳуқуқи тамоми шаҳрвандонро кафолат медиҳад. Исроил дар айни ҳол алайҳи Исломи ҷангталаб, ки мусулмонон, масеҳиён ва яҳудиёнро ҳадаф қарор медиҳад ва тамоми ҷаҳонро зери хатар мегузорад, мубориза мебарад”.
Бино ба иттилои нашрияи “The Time of Israil”, қарор аст, Нетанёҳу 28 декабр бо Доналд Трапм мулоқот намояд: “Аммо ин дидор ба он маънӣ нест, ки нахуствазир аз дидгоҳи номзади ҷумҳурихоҳон ҳимоят мекунад”
Доналд Трамп замони маъракаи таблиғотиаш қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар чанд маврид алайҳи мусалмонҳо сухан гуфт. Яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангези корзори интихоботии ӯ манъи вуруди муҳоҷирони мусалмон ба Амрико буд. Аммо баъд аз интихобот ин изҳорот аз барномаи ӯ лағв шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |