Маркази исломӣ ба донишҷӯён: Намози ҷумъа бар шумо воҷиб намешавад
Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, бо ин далел ки барои хонандаҳои мактабу донишҷӯён иҷозати ом нест, намози ҷумъа бар зимаи онҳо воҷиб намешавад. Ин нукта дар пайи саволи як корбари торнамои расмии марказ зикр шудааст.
Саволдиҳанда пурсида, ки "аз дарс гурехта ба адои намози ҷумъа равем, оё намозамон қабул мешавад?". Масъулини Маркази исломӣ дар посух гуфтаанд: "Бародари гиромӣ, қабулияти намоз дар назди Худованд аст, лекин адо мешавад. Ногуфта намонад, ки чун барои шумо иҷозати ом нест, намози ҷумъа бар зиммаи шумо воҷиб намешавад. Шумо бояд ба ҷои намози ҷумъа намози пешин бихонед ва он ҳам дар вақти дарс набошад, чунки илм омӯхтан ҳам аз яке вазоифи зарурии инсон маҳсуб мешавад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |