Бахшҳо

Пешгӯии дигари Лихтман: Импичменти Доналд Трамп

Аллан Лихтман, устоди улуми сиёсии яке аз донишгоҳҳои Вашингтон, ки пирӯзии Доналд Трампро дар интихоботи Амрико пешгӯӣ карда буд, эҳтимоли истеҳзо (импичмент) шудани ӯро низ пешбинӣ кардааст.

Қонуни асосии Амрико ба Кунгураи ин кишвар ҳақ додааст, мақомоти расмӣ, аз ҷумла раисҷумҳурро дар сурати маҳкум шудан ба ҷурм, барканор кунад.

Аллан Лихтман дар суҳбат бо телевизиони “CNN”ду далелро барои пешбинии худ овардааст: Яке аз ин далелҳо ба қавли вай, нақзи қонун аст: “Вай дар иёлоти Ню-Йорк хайрияи ғайриқонуниро ба роҳ андохт ва аз ин тариқ ба корзори интихоботӣ саҳмгузорӣ кард. Инчунин бо ин хайрия қарзҳои тиҷоратии худро ҳаллу фасл кард”.

Муҷрии телевизиони “CNN” бо ишора ба он ки ҳам дар Маҷлиси Сено ва ҳам дар Кунгараи Амрико бештари курсиҳо дар ихтиёри намояндаи ҷумҳурихоҳон аст, пурсида, ки чаро Трампро дучори импичмент мекунанд? Аллан Лихтман ба далели дуввуми худ пардохта мегӯяд: “Доналд Трамп ҷумҳурихоҳонро асабӣ кардааст. Ӯ як шахси пешгӯинашаванда аст. Касе намедонад, ки ӯ воқеъан ба чӣ боварӣ доштаву дар чӣ мавқеъ карор дорад. Ӯ идоранашаванда аст. Ҷумҳурихоҳон Майк Пенс, муовини Трамп ва як ҷумҳурихоҳи муҳофизакоро тарҷеҳ медиҳанд”.

Ба гуфтаи ин устоди донишгоҳ, пешбиниаш ин бор на бар асоси равишҳои илмӣ, балки баргирифта аз эҳсоси дарунии ӯ мебошад.

Аллан Лихтман, ки аз соли 1984 ба ин сӯ интихоботҳои Амрикоро пешгӯӣ мекунад, қабл аз интихоботи ахири ИМА дар суҳбат бо “Вошингтон Пост” изҳор дошт, ки Доналд Трамп пирӯз мешавад. Ӯ он замон гуфта буд: “Мо қабл аз ин номзаде ҳамчун ӯ надоштем, ки худро аз ҳисоби дигарон бой кардааст. Мо пештар номзаде надоштем, ки дубор дар баробари ҳарифи худ хушунат барангехт. Номзаде надоштем, ки нерӯи хориҷиро барои дахолат дар интихоботи Амрико даъват кардааст. Ин гуна номзад ҳам надоштем, ки таҳдид ба ҷанг кунад, агар киштиҳо дар обҳои Халиҷи Форс ба мо наздик шаванд. Бо ин ҳама истисноҳои Доналд Трамп мумкин аст ӯ улгуҳои 150 соларо бишиканад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)