АКС: Гирди ҳам омадани ҳудуди 100 ҷавони тоҷик дар Амрико ба хотири изҳори таслият ба Абдураҳим
Барои нахустин бор дар Амрико тақрибан 100 тоҷики муқими ин кишвар гирди ҳам ҷамъ омаданд, то барои бародари марҳуми яке аз ҳамсафонашон дасти дуо бардоранд.
Далели ба ҳам омадани ин шаҳрвандони муқими Ню-Йорк дар рӯзи чоршанбеи 15 ноябр изҳори таслият ба рӯзноманигори маъруф Абдураҳими Умариён буд, ки ду соли ахир дар Амрико зиндагӣ мекунад. Дӯстони Абдураҳим ба “Озодагон” гуфтанд, оши хайри бародари 40-солаи Абдураҳим -- Баҳодур дар яке аз масҷидҳои Бруклин ташкил шуда, дар он ҷавонони тоҷик, гуруҳи рӯзноманигорони тоҷики муқими Ню-Йорк, сарояндаи маъруф Фурқат Саид ва дӯстони мисриву урдунӣ, амрикоӣ ва амриколотинии Абдураҳим иштирок доштанд.
Баҳодур, ки чанд соли ахир аз дардҳои гуногуни аъзои даруниаш ранҷ мебурд дар 40-солагӣ даргузашт. “Абдураҳим, ки ин ҳама солҳо муроқиби молии бародарашу аҳли хонадони ӯ буд, тасмим гирифт, қарзи бародарии худро дар ғурбат ҳам ба ҷо биорад, то дӯстонаш тавонанд дар ҳаққи Баҳодур дастаҷамъӣ дуо бикунанд”,-изҳор дошт яке аз иштирокдорон.
Абдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигори тоҷик, ки имрӯзҳо дар дафтари марказии СММ дар Ню-Йорк қарор дорад, гуфт: “Бар иловаи поси анъанаи диниву мазҳабии мардуми тоҷик, ин маърака барои тоҷикони Ню-Йорк аз он лиҳоз муҳим буд, ки дар мусофират риштаи дӯстии худро гум накунанд, муҳим будани пос доштани анъанаҳои миллиро дарк намоянд, ва бо дӯстони нав шинос шаванд. Хабари даргузашти бародараш барои Абдураҳим хеле гарон буд, аммо ҳеч сонияе ин ҷо ӯро дӯстонаш танҳо нагузоштанд – на шаб ва на рӯз, то ин дардро ба танҳоӣ накашад. Дӯстонаш дар гаронтарин шаҳри дунё, ки ҳама аз пайи дарёфти рӯзиянд, ҳам кори худро барои чанд рӯз канор гузоштанд, то дар канори дӯсташ бошанд. Абдураҳим низ қабл аз он ки дубора ба кор барояд, тасмим гирифт, то бо ин маърака, ки миёни тоҷикони Амрико шояд назирашро қаблан надошт, хотири бародарашро пос бидорад”.
Ба гуфтаи ӯ, бар иловаи бачаҳои мусалмон, дӯстони яҳудиву насорои Абдураҳим низ аз миллатҳои дигар дар маърака иштирок карданд. Сипиро ном меҳмони амрикоӣ гуфт: “Бароям хеле ҷолиб аст, ки ҷавонҳои тоҷик сарфи назар аз синни ҷавонашон ва ин ки ин ҷо ҷудо аз хонаводаашон ба сар мебаранд, бо ҳам чунин меҳру муҳаббат ва иттиҳод доранд”.
Ҷамъомад бо тиловати ояҳои карима ва дуо барои ҳама гузаштагон анҷом ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |