Дар шаҳри Хелсинкии Финландия мусобиқаи байнанлмилалӣ дар риштаи гӯштини тарзи озод баргузор гардид, ки дар он 26 даста бо шумули 175 варзишгар аз кишвархои олам ширкат намуданд.
Тавре Муродалӣ Тешаев, котиби дафтари матбуоти кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар мусобиқаи мазкур 5 варзишгари тоҷик ҳунарнамоӣ карда, кишвари моро муаррифӣ намуданд. Баҳодур Қодиров дар вазни 76 кило нахустин шуда варзишгари мизбон ва баъдан 2 варзишгари Русияро шикаст дод ва барандаи медали нуқра гардид. Ҳамчунин, 3 варзишгари дигари тоҷик барандаи нишони биринҷӣ гаштанд. Феълан, Баҳодур Қодиров баҳри дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012 омодагӣ мебинад.
Мӯҳр