ВАО: Мирзоев нақшаи амалиёти террористӣ дар қаламрави Тоҷикистонро тарҳрезӣ мекардааст
Як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербурги Русия аз сӯи кормандони Интерпол боздошт шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дастгиршуда Умар Мирзоев ном дошта, бо иттиҳоми ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистону Русия ба созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст: “Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ӯро дар созмон додани амалҳои террористӣ гумонбар медонад”.
Мирзоев дар ҳоле боздошт гардида, ки қасд доштааст, субҳи 15 ноябр ба Самара парвоз кунад. Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки вақтҳои ахир ӯ дар шаҳри Толятти зиндагӣ карда ва нақшаи амалиёти террористӣ дар қаламрави Тоҷикистонро тарҳрезӣ мекардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |