Данғара мизбони мусобиқаи байналмилалии муҳорибаи бидуни қоида
5-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаи бидуни қоида барои дарёфти Ҷоми Исмоили Сомонӣ имсол дар ҷануби Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мубтакирон мегӯянд, мусобиқа 27 ноябр дар ноҳияи Данғара шурӯъ мешавад. Тоҷикистонро 9 нафар, бо шумули Худойдод Раҳмонов, Сиёвуш Шарипов, Умед Ҳамроев ва Муин Ғафуров намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, муҳориба барои дарёфти шоҳҷоиза миёни Худойдод Раҳмонов, намояндаи Тоҷикистон ва Моез Брендао, намояндаи Бразилия сурат мегирад.
Қарор аст, дар ин мусобиқа варзишгарон аз Конго, Африқо, Бразилия, Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Миср иштирок намоянд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаи бидуни қоида барои дарёфти Ҷоми Шоҳ-Исмоили Сомонӣ аз соли 2012 ба ин сӯ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |