Ҳабси Каримов барои қасди оташ задани Имомназарова дар рахти хоб
Додгоҳи Олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Турсунзодаро барои қасди оташ задани як духтар дар рахти хобаш ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои додситонии кулли Тоҷикистон маҳкумшуда, Каримов.Дж, хабар ёфтааст, ки гӯиё сокини ноҳияи Шаҳринав, Имомназарова.М ба мақомот дар мавриди алоқаи ҷинсияшон шикоят бурдааст: “Ӯ 19 майи соли 2016 тахминан соати 20-10 дақиқа бо корд мусаллаҳ шуда, маводи сузишвории “Растворител”-ро гирифта, ба манзили истиқоматии Имомназарова.М дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Шаҳринав омадааст. Имомназароваро дар ҳузури наздиконаш лутукӯб намуда, маводи сузишвориро дар рахти хоб ва бадани ҷабрдида пошида оташ задааст”.
Ба иттилои манбаъ Каримов аз муйи Имомназарова дошта, хостааст ӯро болои рахти оташгирифта партоят ва зинда сӯзонад: “Аммо дар натиҷаи доду фиғони наздикон ҳамсояи хонавода Темурхоҷаев С. огоҳ шуда, Имомназарова М.Г.-ро аз дасти Каримов наҷот додааст”.
Додситонии кул афзуд, Каримов нақшаашро бо сабабҳои аз ӯ вобаста набуда ба охир нарасондааст ва бинобар ин бо ҳукми коллегияи судии Додгоҳи Олӣ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |